Путин гуфт, мухолифи ҷой додани гурезаҳои афғон дар Осиёи Марказист ва шарҳ дод, ки чаро

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мухолифаташ ба ҷой додани гурезаҳои афғон бидуни раводидро дар Осиёи Марказӣ баён дошт
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Президенти Русия азми кишварҳои ғарбиро барои ҷой додани гурезаҳои афғон бидуни раводид дар кишварҳои Осиёи Миёна танқид кард.
Путин дар мулоқот бо намояндагони ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" изҳор дошт, ки вазъи Афғонистон таъсири мустақим ба амнияти Русияро дорад.

"Шарикони ғарбиямон пойфишорӣ доранд, ки гурезаҳои афғонро дар Осиёи Марказӣ то гирифтани раводиди ИМА ё кишварҳои ғарбӣ ҷой диҳанд. Яъне ба қаламрави худ бидуни раводид роҳ намедиҳанд, аммо ба кишварҳои ҳамсояи мо бе раводид мумкин будааст", - суол гузошт Путин.

Ӯ гуфт, ин масъала дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва дигар созмонҳо баррасӣ мешавад ва Русия дар тамоси доимӣ бо шарикон аз Осиёи Марказӣ қарор дорад.
Путин кишварҳои Осиёи Марказиро наздиктарин иттифоқчиёни Русия хонда, афзуд, ки бо онҳо ҳеч маҳдудияти марбут ба раводиди сафар ҷой надорад.
"Тасаввур кунед, ки ба ҳар яке аз ин кишварҳо гурезаҳо ворид гардиданд, мо аз куҷо медонем, ки дар байни онҳо кист. Онҳо метавонанд, ҳазорон нафар, садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо бошанд. Мо бо онҳо ҳатто маҳдудият дар раводид надорем", - таъкид намуд Путин.
Выставка в честь Ахмад Шаха Масуда в Панджшире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Масъуд музокироташ бо Толибонро* дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод
Ӯ афзуд, марзҳо бо кишварҳои иттифоқчӣ ҳазорҳо километранд, ки онро метавон бо ҳар гуна воситаи нақлиёт, ҳатто тариқи хар убур кард.
Раисиҷумҳури Русия таъмини амнияти миллиро яке аз вазифаҳои афзалиятдор хонд.
Ин нигарониҳои Путин дар ҳолест, ки Толибон* марзу марказҳои асосии Афғонистонро ғасб карда, ташкили аморати исломиро эълон карданд. Бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар дар пайи ғасбкориҳои Толибон* талоши фирор аз Ватан кардаанд ва бархеи дигар дар такопӯи баромадан аз ин кишваранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала