Толибон* минтақаҳои аздастдодаро дар Бағлон дубора ишғол карданд?

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле. Талибы (террористическая организация, запрещена в России) взяли под свой контроль Кабул, столицу Афганистана.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле. Талибы (террористическая организация, запрещена в России) взяли под свой контроль Кабул, столицу Афганистана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Ҷангиёни Толибон* минтақаи ноҳияи Андаробро дар музофоти Бағлон дубора зери назорати худ дароварданд
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Созмони мамнӯъи Толибон* ҳудуди се ҳазор низомиро бо силоҳи вазнин ба минтақаи Бағлон равон карда, назорати қисматҳои аздастрафтаро ба даст овардааст, хабар дод ТАСС бо такя ба манбааш дар нерӯҳои зиддитолиб.
Ба иттилои манбаъ, дар шароити нобаробар муқовиматгарон ҷангро авло надониста, ақибнишинӣ кардаанд ва идораи минтақа дубора ба дасти Толибон* афтидааст.
Мухтор Вафоӣ, рӯзноманигор навиштааст, ки минтақаи Андароб ҳанӯз ҳам таҳти назорати нерӯҳои зиддитолиб буда, аз ҷониби нерӯҳои мардумӣ ба Толибон талафоти зиёд ворид шуда, даҳҳо нафарашон куштаю чанд мошин ба ғанимат гирифта шуд.
Ин иттилои зиддунақиз дар ҳолест, ки қаблан Даён Аҳмадӣ, яке аз фармондеҳони хурди хезишҳои мардумӣ, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода буд, вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди “Толибон”* бозпас гирифта шуданд ва ҷангҳо барои озодии вулусволии Хинҷон идома доранд.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Эълони Толибон* аз эҳтимоли истифодаи нерӯ дар Панҷшер ва таъкиди Масъуд ба мубориза
"Нерӯҳои мардумӣ аз чандин истиқомат болои "Толибон"* ҳамла оварда, ба онҳо талафоти сангин ворид карданд. Ҳамла ғофилгирона буд ва "Толибон"* аз минтақа фирор карданд", - гуфа буд ӯ.
Андаробҳо минтақаест, ки масири муҳими Ховок – Андароб аз он мегузарад ва дараи Панҷшерро бо вилоятҳои Бағлону Тахор васл мекунад.
Андаробҳо охирин минтақаи вилояти Бағлон буд, ки моҳи июл аз сӯи "Толибон"* ишғол шуда буд.
Қаблан хезишҳои мардумӣ, ки ба Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимати миллии Афғонистон, тобеанд, манотиқе дар Парвон, вилояти аз ҷануб ҳаммарз бо вилояти Панҷшер, танҳо вилояти озод аз "Толибон"* -ро тасарруф карда буданд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала