Толибон* аз Русия хостаанд, паёмашонро ба Панҷшер расонад: чӣ пешниҳод доранд

© REUTERS / STRINGERСилы Талибана в Кабуле, Афганистан
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Созмони террористии Толибон* тариқи Русия ба роҳбарони вилояти Панҷшер созиш пешниҳод кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон, мегӯяд, намояндаи дафтари сиёсии Толибон* аз дипломатҳои рус хостааст, паёми сиёсияшонро ба Панҷшер расонанд.
Намояндаи Толибон* 21 август аз сафорати Афғонистон дар Русия боздид карда, ин масъаларо ба миён гузоштааст, иттилоъ додаст Жирнов зимни суҳбат дар барномаи “Соловьев Live”.
Ба гуфтаи сафир, Толибон* аз Русия хостаанд, ба роҳбарони Панҷшер расонанд, ки то ҳол аъзои ин созмон ягон талоши бо зурӣ ворид шудан ба вилоятро накардаанд.

“Толибон* бар инанд, ки масъларо бо роҳи сулҳомез, тариқи созиши сиёсӣ ҳал кунанд”, - афзудааст Жирнов.

Ӯ таъкид намудааст, ки Толибон* бо ин пешниҳодашон мехоҳанд, нишон диҳанд, ки ба дараҷае, ки аз онҳо тасвир мешаванд, "хатарнок" нестанд.
Дипломати рус ин мавқеъгирии Толибонро* созандатар аз бархӯрди Амруллоҳ Солеҳ, собиқ ноиби аввали раисиҷумҳур, хонд, ки феълан дар Панҷшер қарор дораду худро қонунан роҳбари муваққатии давлат эълон намуда, ба ҷанг алайҳи Толибон* даъват дорад.
Ситуация в Афганистане после смены власти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Чаро сафед кардани Толибон хатост?
Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳо таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар он ҷамъ омада, таъкид мекунанд, ки алайҳи зӯргӯиҳои ҷангиёни Толибон* мубориза хоҳанд бурд. Нерӯҳои Панҷшер ҷонибдорияшонро аз низоми исломии муътадил баён дошта, таъкид мекунанд, ки қудрат бояд дар дасти ҳукумати ҳамашумул бошад.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала