Қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон дар Ишқобод бо ордени "Битараплик": 23 август дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 23 августа
День 23 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту сеюми август ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ дониста мешавад

Рӯзи 23 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1904 занҷири чархҳои автомобилӣ ихтироъ карда шуд.
Соли 1913 полиси Лондон аз Ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки дар маҳаллаҳои шаҳрӣ барои суръати баланди мошинҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.
Соли 1948 дар Амстердам Шӯрои байналмилалии калисоҳо таъсис ёфт.
День 20 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Дар Тоҷикистон рӯзи ихтироъкорон ва навоварон: 20 август дар таърих
Соли 1959 Ҳукумати ИМА барои дар 400 мактаб ҷорӣ намудани забони русӣ ҳамчун фанни дарсӣ эълон нашр кард.
Соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Чин 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 2010 100 давлати дунё барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо- 2010 аризаи расмӣ ирсол карданд.
Соли 1617 дар Лондон аввалин роҳи мошингарди яксамта ифтитоҳ ёфт.
Соли 1889 дар Сан-Франсискои ИМА аввалин иттилои радиоӣ аз киштӣ ба соҳил қабул гардид.

Рӯзи 23 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авфи умумӣ"-ро қабул кард.
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласаи фаврӣ доир намуда, масъалаи вобаста ба фирори 25 нафар ҷинояткори махсусан хавфнок аз маҳбасхонаро баррасӣ кард.
Соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин гурӯҳи занони авфшуда ба озодӣ баромаданд.
День 19 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Зодрӯзи Муборакшо Мирзошоев: 19 август дар таърих
Соли 2012 Созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада ба имзо расид.
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ишқобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ — ордени Президенти Туркманистон- Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонида шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 август

Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва маҳви он.
Дар Беларус – Рӯзи кормандони омори давлатӣ.
Дар Украина – Рӯзи Парчами давлатӣ

Рӯзи 23 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1870-1945 – нависанда Бобоюнус Худойдодзода.
Соли 1910 – ҳунарманди халқии ИҶШС, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Николай Волчков.
Соли 1929-2003 – композитор, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Одилҷон Назаров.
Соли 1954 – футболбоз, устоди варзиши Тоҷикистон Валерий Турсунов.
Соли 1962 – нависанда Парда Ҳабиб.
Лентаи хабарҳо
0