Рӯзи баргузории нишасти СПАД дар Душанбе маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевФлаг Таджикистана и ОДКБ
Флаг Таджикистана и ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Раҳбарони ду созмони бузурги байналмилалӣ моҳи сентябр дар Душанбе мулоқот хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Нишасти навбатии СПАД 16 -уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод. Ин маълумот пас аз мулоқоти президентҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар шакли видео сурат гирифт, нашр шуд.
Встреча Владимира Путина и Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Путин аз нишасти СПАД оид ба Афғонистон таҳти раёсати Раҳмон хабар дод
Сарони давлатҳо масъалаҳои амниятиро дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ва инчунин масъалаи паноҳандагони афғон баррасӣ карданд.
Ба эҳтимоли зиёд, дар нишасти навбатии сарони СПАД мавзӯи асосӣ низ Афғонистон хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳамин санаҳо - 16-17 сентябр дар назар аст.
Ҳамин тариқ, роҳбарони ду созмони бузург якбора барои муколама ҷамъ меоянд. Тоҷикистон дар соли 2021 ҳам СҲШ ва ҳам СПАД -ро раҳбарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала