Дастаи “Истиқлол” легионери булғористонӣ харид

© ФК "Истиклол"Болгарский легионер ФК "Истиклола" Петар Патев
Болгарский легионер ФК Истиклола Петар Патев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Дастаи футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе бо хариди бозигари булғористонӣ тимро боз ҳам пурзур кард
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Бошгоҳи дастаи Истиқлоли шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар равзанаи гузариши тобистона бо бозикуни булғористонӣ шартнома имзо кард.
Масъулини ин даста хабар доданд, тими “Истиқлол” бо Петар Патев, мудофеъи 28-солаи булғористонӣ ба тавофуқ расиданд ва бо бастани қарордод вайро то поёни фасл дар ихтиёр хоҳанд дошт.
“Дастаи “Истиқлол” ҳайати худро бо ҳимоятгар Петар Патев тақвият дод. Созишномаи шартномавӣ бо футболбози нав то охири мавсими ҷори баста шуд. Патев аввалин легионери булғорӣ дар чемпионати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Петар Патев таҳти рақами 22 дар ҳайати “Истиқлол” ҳунарнамои мекунад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки қаблан ҳимоятгари булғорӣ Патев дар чунин клубҳо ба мисли “Поморие”, “Нефтохимик”, “Спартак” Варна, “Дунав” ва “Славия” бозӣ мекард.
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
"Истиқлол" боз дар зинаи авали ҷадвали Лигаи олӣ
Бояд гуфт, ки "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозии марказии даври 16-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, мавқеашро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуд.
Лентаи хабарҳо
0