Ҳамлаи навсрасон ба ҷавони 19-сола: ВКД гумонбаронро боздошт кард

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду наврас хабар доданд, ки дар сӯиқасд ба ҷони ҷавони 19-сола гумонбар дониста мешаванд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ахиран кормандони ин ниҳод ду навраси 17 ва 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ва Роғунро боздошт карданд, ки дар кордкашӣ ва сӯқасд ба ҷони ҷавони 19-сола гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД дар шаҳри Роғун ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Оби-Гарми шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми августи соли равон, ҳангоми дар ҷамоати шаҳраки Оби-гарм қарор доштанаш навраси 18-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳрҳои Роғуну Душанбе ба ӯ ҳамла намуданд.
Ба гуфтаи ин ҷавони 19-сола ин ду нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ба ӯ ҳамла карданду ӯро зери лату кӯб қарор доданд.
Поврежденный в результате ДТП автомобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
ВКД – и Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ хабар дод
ВКД-и Тоҷикистон хабар додааст, ки ноболиғи 17-сола ҷавони мазкурро бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон, аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0