Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ҷабҳаи Панҷшер ба Толибон*: шумо чор соат вақт додед, мо чор сол вақт медиҳем - видео

Дар ҳамин ҳол ҳарду ҷониб ҳам изҳори омодагӣ ба гуфтушунид мекунанд
Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер дар посух ба изҳороти аъзои гурӯҳи тундгарои Толибон*, ки барои "таслим шудан чор соат вақт медиҳанд", гуфтаанд, омодаи ҷанг ҳастанд.
Дар наворе ки РИА Новости таҳия кардааст, дида мешавад, ки аъзои ҷабҳа изҳори омодагӣ ба ҷанг мекунанд.
"Касое, ки барои Панҷшер чор соат вақт додед, ин ҷовонҳое, ки ин ҷо истодаанд, бароятон чор сол вақт медиҳанд. Агар ҳиммат доред, мубориза кунед", - изҳор медоранд онҳо.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ҷангиёни Толибон* ба Панҷшер хело наздик шудаанд.
Онҳо изҳор доштаанд, ки Панҷшерро муҳосира гирифтаанд. Дар идомаи навори РИА Новости, корвони мошинҳои совори ҷангиён ба назар мерасад.
Новобаста аз вазъи муташанниҷ, ҳарду ҷониб ҳам изҳори омодагӣ ба гуфтушунид кардаанд.
Шаби гузашта, як қатор расонаҳо хабар доданд, ки миёни ҷабҳаи муқовимат ва толибон задухӯрд анҷом ёфтааст.
*- ҳаракати экстремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала