Маскав: барои ба расмият шинохтани Толибон* аҷала надорем

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Муовини вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, Маскав барои ба расмият шинохтани Толибон* ва ҳазф номи ин гурӯҳ аз “лист сиёҳ” аҷала нахоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷии Русия дар як баёноте изҳор дошт, ки Русия қасд надорад, дар ҳазфи номи ҷунбиши Толибон* аз листи террористон ва ҳамчунин ба расмият шинохтани мақомоти ҷадид афғон шитоб ба харҷ диҳад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Русия ҳеҷ гоҳ шитоб намекунад, то Толибон*-ро аз рӯйхати террористҳо хориҷ кунад ва мақомоти нави Афғонистонро то он даме ки амалҳои амалии онҳоро набинад, эътироф нахоҳад кард", - афзуд ӯ.
Вай илова кард, ки Русия бар иқдомоти амалии мақомоти ҷадиди Афғонистон ва қатъномаҳои марбути содира аз Шӯрои амният СММ тамаркуз хоҳам кард.
Муовини вазири умури хориҷии Русия қайд кард, ки ҷунбиши Толибон* эълом кардааст, ки ба амалҳои душманона хотима хоҳад дод, ходимони давлатӣ ва афроде, ки бо ИМА ва НАТО ҳамкорӣ мекарданд, афв мешаванд. Онҳо ба эҳтироми ҳуқуқи занон таъкид намуданд ва элон карданд талош доранд тартиботи ҷамъиятӣ ва амниятии намояндагиҳои дипломатии хориҷиро барқарор намоянд.
Здание МИД РФ, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Оё Русия ба Афғонистон низомиёнашро мефиристад: посухи Вазорати хориҷа
Ёдрас мешавем, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* санаи 15 август вориди Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат худ гирифтанд.
Ашраф Ғанӣ рӯзи якшанбе қабл аз расидани нерӯҳои Толибон* ба Кобул Афғонистонро тарк кард. Ӯ баъд аз расидан ба ҷои амн ба кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб дар як паёмаш эълом кард, ки барои қатъи хунрезӣ кишварашро тарк кард!
Феълан Толибон* марзҳою марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Дар Панҷшер, танҳо вилояти берун аз тасаллути Толибон* нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омадаанду иддао доранд, ки алайҳи ин гуруҳ муқовимат хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала