Сармуҳосиби Донишкадаи санъатро дастгир карданд: 1 миллион сомониро тасарруф кардааст

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Се корманди дигари донишкада дар шарикӣ ба ин ҷиноят муттаҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Сармуҳосиби Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Нодира Ҳотамова ба азхудкунии бештар аз 1 миллион сомонии донишкада муттаҳам мешавад, хабар медиҳад Агентии мубориза бо фасод.
Бино бар иттилои манбаъ, Ҳотамова дар ин кор танҳо набуда, муҳосибони дигари идора шарикаш будаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Президент аз ҷиноятҳо дар Вазорати молия гуфт: 5, 2 миллионро аз худ кардаанд
"Онҳодар асоси маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Каримова Ф. А., Абдуллоев М. Р. ва Боймуратова Р.Ф. ҷинояи азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир кардаанд", - менависад агентӣ.
Гуфта мешавад, номбурагон бо истифодаи мақоми хизматӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 1079370,77 сомониро тасарруф намудаанд.
Дар ин асос, нисбати Ҳотамова Нодира Азимжоновна ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди "б" ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала