Шаби ноороми Афғонистону ҷаласаи ғайринавбатии Раҳмон бо Путин, Лукашенко, Тоқаеву Пашинян

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин провел сессию Совета коллективной безопасности ОДКБ
Президент РФ В. Путин провел сессию Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Дар ҳоле ки шаби гузашта дар Афғонистон изтиробзо буду аз эҳтимоли ҷанги густурдаи нерӯҳои Панҷшер бо гуруҳи Толибон* изҳорот нашр мешуданд, роҳбарони кишварҳои узви СААД барои баррасии вазъи амниятӣ ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шакли видеоконфронс, таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, хабар дод Вазорати умури хориҷии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД, инчунин вокуниши муштараки муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои эҳтимолии фаромарзӣ баррасӣ мешаванд.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Путин гуфт, мухолифи ҷой додани гурезаҳои афғон дар Осиёи Марказист ва шарҳ дод, ки чаро
Дар ҳамоиши роҳбарони давлатҳо раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Русия, Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок мекунанд.
Ахиран Владимир Путин аз таъсири вазъи Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба ҳамин восита ба Русия изҳори назар карда буд, чун ҳеч маҳдудияти марбути раводид миёни кишварҳои минтақа ва Русия мавҷуд нест. Ӯ афзуд, ки пайваста бо шариконаш аз Осиёи Марказӣ дар тамос аст.
Инчунин рӯзҳои 15-16 сентябри соли равон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар назар аст, ки масоили амният яке аз мавзӯъҳои меҳварии он арзёбӣ мешавад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала