Тоҷикистон тасмим гирифтааст то соли 2023 истеҳсоли сементро ба 5 миллион тон расонад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПроизводство цемента. Архивное фото
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нав пешгӯи кардааст, ки дар Тоҷикистон то соли 2023 ҳудуди 5 миллион тон семент тавлид шавад
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон ахиран эълом доштааст, ки дар Тоҷикистон дар зарфи ду соли оянда истеҳсоли семент ба 5 миллион тонна расонида мешавад ва 1 миллиону 900 ҳазор тон ба хориҷ аз кишвар содир хоҳад шуд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, дар соли гузаша Тоҷикистон як миллиону 500 ҳазор тон семент ба арзиши 68 миллион доллар ба хориҷ аз кишвар содир карда буд.
“Аммо дар соли 2020 ба далели густариши коронавирус ба хориҷ семент камтар содирот шуд. барои мисол соли гузашта 1 миллиону 300 ҳазор тон семент ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон содирот шуда буд”, қайд кардааст манбаъ.
Производство цемента на заводе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Тоҷикистон дар ду моҳ 700 ҳазор тонна семент истеҳсол кард
Дар Тоҷикистон 16 ширкат бо иқтидори истеҳсоли 4 миллиону 700 ҳазор тон семент фаъол аст, ки ҳамаи онҳо бо мушорикати молӣ ва фаннии кишвари Чин дар даҳаи ахир сохта шудааст.
Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон дар соли гузашта ба 4 миллиону 200 ҳазор тон расида буд.
Лентаи хабарҳо
0