Толибон* ба Ғанӣ ва Солеҳ афв пешниҳод кард: онҳо мегӯянд, Панҷшер дар муҳосира аст

© AP / Alex BrandonБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Толибон* эълон кардаанд, ки Панҷшер дар муҳосира асту ба Амруллоҳ Солеҳ ва ҳамчунин ба Ашраф Ғанию мушовираш афвро пешниҳод кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Созмони террористии Толибон* ба Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ва ноиби аввалаш Амруллоҳ Солеҳ афв пешниҳод карда, изҳор доштаанд, агар хоҳиш доранд, метавонанд ба Афғонистон баргарданд.
"Мо Ашраф Ғанӣ, Амруллоҳ Солеҳ ва Ҳамдулло Муҳимро (мушовири амниятии раисиҷумҳури Афғонистон - идора) мебахшем. Мо аз ҷониби худ ҳамаро мебахшем, аз генералҳо дар то шаҳрвандони қаториро", - изҳор доштааст яке аз роҳбарони Толибон* Халил Раҳмон Ҳаққонӣ зимни мусоҳиба бо шабакаи покистонии Geo TV.
Ӯ илова намудааст, ки душманияшон бо қудратдорҳои Афғонистон заминаҳои динӣ дошт.
Президент РФ В. Путин провел сессию Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Шаби ноороми Афғонистону ҷаласаи ғайринавбатии Раҳмон бо Путин, Лукашенко, Тоқаеву Пашинян
Ин пешниҳоди Толибон* дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ 15 август аз Афғонистон фирор карда, феълан дар Амороти Муттаҳидаи Араб қарор дорад. Ноиби аввалаш Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер худро роҳбари муваққат ва қонунии Афғонистон эълон карда, таъкид намудаст, ки алайҳи Толибон* меҷангад.
Дар ҳамин ҳол Толибон* эълон кардаанд, ки Панҷшер дар муҳосира асту онҳо ҳамоно мехоҳанд, ки қазияи ин музофот тариқи гуфтушунид ҳал гардад. Нерӯҳои муқовимат аз зарба ба ҷангиёни Толибон* мегӯянд, ки нерӯҳояшонро ба наздикии Панҷшер кашида истодаанд.
Аҳмади Масъуд эълон кард, ки тарафдори бинои як Афғонистон озод, мустақил аз тариқи гуфтугӯ ва тафоҳум, аммо Толибон* пешниҳодҳои муқовиматро рад мекунанд.
"Аммо агар масъалаи зӯр ва ҷанг бошад, шумо моро мешиносед. Ман писари ҳамон падар ҳастам, ки барои дифоъ аз сарзамин ва мардум то сарҳади фидо кардани ҷонаш пеш рафт", - изҳор доштааст Масъуд.
Феълан вазъ дар минтақа ташвишзо боқӣ монда, аз наздикиҳои Панҷшер иттилои зиддунақиз дар шабакаҳо ва расонаҳо нашр мегарданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0