Баромади танкчиёни тоҷик дар АрМИ-2021 - видео

Обуна шудан
Низомиёни тоҷик дар "Биатлони танкӣ" ширкат мекунанд
Мусобиқаҳои инфиродӣ дар доираи бозиҳои АрМИ-2021 дар машқгоҳи Алабино дар вилояти назди Маскав идома доранд.
Соати 10:00 бо вақти маҳаллӣ (12:00 бо вақти Душанбе) экипажҳои дивизияи якум аз Сербия, Белорус, Озарбойҷон ва Қазоқистон барои пешсафӣ рақобат карданд.
Русия Тоҷикистонро ба тамринҳои "Запад-2021" даъват кард
Соати 11:00 дастаҳои лигаи дуюм аз Қатар, Осетияи Ҷанубӣ, Абхазия ва Тоҷикистон вориди майдон мешаванд.
"АрМИ-2021": ҳудуди 100 низомии тоҷик равонаи Маскав мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо мошинҳои сабзи ҷангӣ рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Бозиҳои VII байналмилалии артишии "АрМИ-2021" аз 22 август то 4 сентябр баргузор мешаванд.
Вазорати мудофиаи Русия 96 кишварро барои ширкат дар Бозиҳои 2021 даъват кардааст. 277 даста аз зиёда аз 40 кишвар хоҳиши иштирок карданро иброз доштанд.
Дар соли 2021 - 11 кишвар "AрМИ-2021"-ро дар якҷоягӣ бо Федератсияи Русия баргузор мекунанд. Дар ҳудуди онҳо 21 мусобиқа баргузор мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0