Демократия дар сухан: чигуна Украина кишвари таъқибу сензура шуд

© REUTERS / VASILY FEDOSENKOСторонники президента Украины и кандидата в президенты Петра Порошенко выкрикивают лозунги на митинге перед политическими дебатами Порошенко
Сторонники президента Украины и кандидата в президенты Петра Порошенко выкрикивают лозунги на митинге перед политическими дебатами Порошенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Дар 20 соли охир дар Украина муборизаи пайвастаи гуруҳҳои олигархӣ барои назорати комили кишвар идома дошт.
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ду маротиба - дар солҳои 2004 ва 2013-14 муқовимат ба шаклҳои зиддиконститутсионӣ ва хушунат омехт.
Ҳатто агар мо рӯйдодҳои ҷанубу шарқи кишварро ба назар нагирем, натиҷаи чунин мутамарказонии қудрат бо такя ба тундгароҳо сензура ва террор дар пай овард. Дар бораи саркӯби дигарандешон дар Украина ва “шикор” - и рӯзноманигорон, Sputnik маводе таҳия кард.

Тарғиби нафрат нисбат ба Донбасс

"Евромайдан" ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷанубу шарқи Украина хунинтарин саҳифа дар таърихи навини ин кишвар аст.
Моҳи феврали соли 2014 дар натиҷаи тирандозии снайперҳои номаълум дар Киев 75 иштирокчии Евромайдан ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуданд, беш аз 570 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Тафтиш ҳанӯз ба охир нарасидааст, ҷинояткорон муайян карда нашудаанд.
Моҳи майи соли 2014 хонаи Иттифоқҳои касаба дар Одесса оташ зада шуд, ки дар натиҷа 42 нафар ҷон бохтанд – нафасгир шуданд, сӯхтанд ё кӯфта шуданд. Расонаҳои Украина бо такя ба рассом Александр Ройтбурд дурӯғ мегӯянд, ки дар миёни кушташудагон "шаҳрвандони Русия ва Приднестрове" ҳастанд.
Экономический эксперт, публицист Михаил Хазин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Михаил Хазин: элитаи Украина на дар фикри давлат, балки дар фикри дуздидан аст
Ҳоло ҳам одамон бар асари муноқишаи мусаллаҳона дар ҷанубу шарқи Украина мемиранд. Коргардонҳои Лугганск филми ҳунарии "Ополченочка" -ро дар бораи рӯйдодҳои воқеии Донбасс ба навор гирифтанд. Лоиҳа аз ҷониби "Россотрудничество" дастгирӣ карда шуд. Қарор аст, филм ба шаш забон тарҷума шуда, дар ҳама Марказҳои русӣ дар хориҷи кишвар намоиш дода шавад.
"Дар соли 2019 мо филми"Ополченочка"-ро нашр кардем, ки дар он мо дар бораичӣ гуна муноқиша оғоз шуд, мардуми Донбасс чиро ҳимоя карданд, чаро одамон силоҳ ба даст гирифтанд, сӯҳбат кардем. То ин вақт таблиғоти украинӣ панҷ филми ҳунариро ба намоиш гузошт. Дар ҳар як филм таҷовузи Русияро тасвир мекунад ва мардуми Донбасс дар шакли аблаҳ ваҳшӣ тасвир мешаванд ", - мегӯяд роҳбари киностудияи "Лугафилм" Роман Разум.
Ба гуфтаи ӯ, нафрат ба сокинони Донбасс махсус дар байни ҷавонони украинӣ ташаккул дода мешаваду онҳо ҳамчун душман муаррифӣ мегарданд.
Хабарнигори шабакаи телевизионии байналмилалии RT Роман Косарев, ки аз соли 2014 муноқишаи низомиро дар Донбас инъикос мекунад, изҳор медорад, ки ҷомеаи Украина ба ду тақсим шудааст. Ба ақидаи ӯ, аксари шаҳрвандон мавқеъгириҳои русбезориро дастгирӣ намекунанд.
Киев, Украина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Асорати сиёсӣ ва қарзӣ: Иттиҳоди Аврупо ба Украина чӣ дод
"Мутаассифона, украинҳо, ки русбезории хушунатомезро ҷонибдорӣ намекунанд, назари худро ошкоро баён намекунанд. Яке аз сабабҳои чунин ҳолат тарс аз ҷони худ ва амнияти хонаводаҳо ва наздикони онҳост. Онҳое ки ошкоро мавқеашонро баён месозанд, ба хонаҳояшон намояндагони Хадамоти амнияти миллӣ меоянду водор ба узрхоҳӣ менамоянд", - вазъиятро тасвир кард Косарев.
Ақаллияти зӯргӯй ба гуфтаи Косарев, русбезорӣ, куштор ва даъватҳоро барои тоза кардани Донбасс аз русҳо, ҳатто аз онҳое, ки дар он ҷо таваллуд шудаанду ба воя расидаанд, таблиғ мекунад.
*Ҳизби украинии "Корпуси миллӣ" дар заминаи баталони "Азов" таъсис дода шуд, ки бар зидди он дар Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

Ҷодаи “декомунизатсия”

Пас аз соли 2014, дар Украина ба истилоҳ "декоммунизатсия" эълон карда шуд, ки дар натиҷа, яке аз бузургтарин ҳизбҳои мухолифин - Ҳизби коммунисти Украина манъ карда шуд. Дар сиёсати Украина танҳо коммунистон буданд, ки мақомотро ба табаддулоти давлатӣ, ҷанги шаҳрвандӣ дар Донбасс ва нақзи Конститутсия айбдор карданд.
"Чаро дар васоити ахбори мухолиф саркӯбҳо буданд? Чаро сиёсатмадорони мухолиф латукӯб мешаванд? Чаро Олес Бузина кушта шуданд? Зеро Украина давлати демократӣ нест. Он танҳо дар рӯи коғаз ва бо суханони сиёсатмадорони Ғарб демократӣ аст. Ҳеч ҷои тааҷҷубовар нест, ки Ҳизби коммунист манъ карда шуд. Шояд он барои ҳукумати кунунӣ хатари бузург, аммо дар доираи тамоюли зиддикоммунистӣ, ки элитаи сиёсии кунунӣ пеш гирифтааст, манъ кардани ин ҳизб комилан мантиқӣ аст", - изҳор дошт Сергей Рекеда, мудири Маркази омӯзиши дурнамои ҳамгироӣ.
 Украинский государственный флаг прикреплен к забору на украинско-российской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Чигуна Украина барои кишварҳои пасошӯравӣ дарс шуд
Намунаи нави таъқибот дар Украина, қазияи Виктор Медведчук, раҳбари Ҳизби "Платформаи мухолифон - барои ҳаёт" мебошад, ки алайҳаш иттиҳоми сиёсии "хиёнат ба ватан" ва "маблағгузории ҷудоихоҳон" эълон шудааст.
Моҳи феврали соли 2019 алайҳи Медведчук пас аз эълони пешниҳодҳои нави сулҳ дар бораи худмухторсозии Донбасс парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ҳадафи аслии нақшаи раиси шӯрои сиёсии ҳизб табдил додани Донбасс ба як вилояти мухтор дар дохили Украина буд, парлумон ва ҳукумати худро дошта бошад. Маҳз дар ҳамин мақомоти Украина даъват ба ҷудоихоҳӣ диданд.

Рӯзноманигорон дар банд

Журналистоне, ки воқеаҳои Украинаро на аз нуқтаи назари мақомоти расмӣ инъикос мекунанд, аз ҷониби корбарони интернет мавриди таҳқир қарор мегиранду ҳадафи таъқиботи гуногун дар сатҳи давлатӣ мешаванд.
"Пас аз пахши мустақим аз Донбасс, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ман паёмҳо омаданд: "Мехоҳам дар пахши зинда бимурӣ", "Мехоҳам "бори 200" ё ҳадди ақал сесад бошӣ", мегӯяд Роман Косарев, хабарнигори RT.
Хабарнигори барои "гузориши пропагандӣ" ва убури ғайриқонунии марзи Украина ба пойгоҳи иттилоотии "Миротворетс" дохил карда шудааст.
Украинские солдаты на БТР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Артиши Украина - 2021: силоҳ ва самаранокии ҷанг
"Дар ин сайти украинӣ ба феҳрасти "бадкориҳо"-и ман аз ҷумла онро ҳам ворид кардаанд, ки ҳар сол дар доираи як чорабинии хайриявӣ ба кӯдакони Донбасс соли нав муборак мегӯям, ҳадяҳо медиҳам. Ман як ҷинояткори хатарнок ҳастам", - механдад Косарев.
Ӯ аз он нигарон аст, ки баъзе кӯдакони Донбасс, ки дар замони ҷанг ба дунё омадаанд, акнун ба синфи якум мераванд, вале ҷанг ҳанӯз ҳам хотима намеёбад. Ва кӯдакон дар Украина таърихи муосирро меомӯзанд, ки "ба воқеият ҳеҷ рабте надорад".
Инчунин қобили зикр аст, ки кушторҳои сершумор ва кӯшиши куштори хабарнигорон ҷой доранд: Моҳи феврали соли 2014 Вячеслав Веремий, хабарнигори рӯзномаи "Вести" дар маркази Киев кушта шуд; моҳи марти соли 2015, Олга Мороз, сардабири рӯзномаи "Нетишинский вестник" дар хонаи худ кушта шуд; дар моҳи июли соли 2016 журналисти телевизион Павел Шеремет дар натиҷаи таркиши мошин ба ҳалокат расид.
* "бори 200 ва 300", рамзи кушташудаҳо ва маҷруҳон миёни ҳайати шахсӣ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала