Муроҷиати Фарҳод Дарё ба Мулло Бародар: оё хоҳарони мо боз сангсор хоҳанд шуд?

© AFP 2021 / MASSOUD HOSSAINIПевец Фархад Дарья, посол доброй воли Организации Объединенных Наций
Певец Фархад Дарья, посол доброй воли Организации Объединенных Наций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Фарҳод Дарё, овозхони шинохтаи афғонистонӣ бо як номаи боз аз Мулло Бародар, яке аз роҳбарони Толибони* Афғонистон хостааст, ба суолҳои зиёд дар мавриди ояндаи кишвар посух гӯяд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Фарҳод Дарё бори дуюм аст, ки ба роҳбарони Толибон* муроҷиат мекунаду посух дар мавриди ояндаи Афғонистон мехоҳад.
"Мардум дар ҷустуҷӯи ҷавоб мемиранд. Аз як ҳафта ба ин сӯ, халои маълумот, изтироб ва ҳазорон саволи беҷавоб, чун ханҷаре дар гулӯи мардум фурӯ рафтааст", - навиштааст Фарҳод Дарё дар хитоб ба Мулло Бародар.
Ба гуфтаи овозхон, гарчанде дар бозии сиёсӣ баъди 20 сол Толибон* баранда шуданд, аммо ин мухолоифат пирӯз надорад, чун мардум дар азобанд.
Фарҳод Дарё аз Толибон* тавзеҳи ояндаро хостааст, ки метавонад аз марги мардум дар пеши фурудгоҳ, боли ҳавопаймоҳо ва ҳазорон фирорӣ ҷилавгирӣ намояд. Аз Мулло Бародар даъват шудааст, исбот намояд, ки дарси гузаштаро хуб омӯхт.
Овозхон таъкид намудааст, Афғонистон он давлате нест, ки чанд сол пеш буд, чун аллакай ду насле ба воя расидаанду бо арзишҳои демократии ҷаҳони муосир баладанду ҳуқуқҳояшонро медонанд.
Фарҳод дар масъалаи хоҳарону модарон суол кардааст, ки оё боз хонабанд хоҳанд шуду барои гапногирӣ сангсор мегарданд
"Бо мардум гап занед, аз мардум натарседу онҳоро маҷбур насозед, ки аз шумо битарсанд. Мардумро водор ба нафрат ба Ватан насозед", навиштааст Фарҳод Дарё дар хитоб ба Мулло Бародар.
Ин дар ҳолест, ки Толибон* баъди ғасби қудрат дар Афғонистон эълон намуданд, ки дар доираи шариат ба ҳуқуқи занону озодии баён эҳтиром хоҳанд гузошт. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ аз нақзи ҳаққи мардум аз ҷониби ҷангиёни ин гуруҳ гузориш медиҳанд.
Толибон* баъди ғасби музофотҳо, ба истиснои Панҷшер 15 август вориди Кобул шуданду 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала