Ҳабиб аз афғонҳо пӯзиш хост - видео

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийский чемпион UFC в лёгком весе Хабиб Нурмагомедов
Российский чемпион UFC в лёгком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Афғонистониҳо Нурмуҳаммадовро пас аз посухи дағалаш ба рӯзноманигоре, ки аз ӯ мехост мавқеашро дар мавриди вазъи Афғонистон рӯшан кунад, интиқод карданд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC, зодаи Доғистон, ки дар Тоҷикистон низ шӯҳрати зиёд дорад, пас аз як ҷавоби тундаш дар робита бо вазъи Афғонистон аз мардуми он кишвар узр пурсидааст.
Ин варзишкор, ки чанд рӯз пештар ба эҳсос "он кишвар аз ман ҳазорҳо километр дур аст ва ба ман дахл надорад" мегуфт, дар изҳороти наваш зикр намудааст, ки мардуми афғонро хуб мешиносад.
"Ман бо мардуми Афғонистон муносибати наздик дорам. Дӯстони ман аз шумори афғонҳо кам нестанд. Пештар вақте гуфтам, ки шарҳ додани вазъи сиёсӣ кори ман нест, фикр мекунам, маро нодуруст фаҳмиданд. Умедворам, онҳо маро мебахшанд. Агар касеро ранҷонда бошам, мехоҳам бахшиш пурсам ", - гуфтааст Нурмуҳаммадов дар нишасти матбуотӣ.
Ба андешаи ӯ, ҳар кас метавонад хато кунад, аммо ӯ намехост бигӯяд, ки вазъ дар Афғонистон ба ӯ тааллуқ надорад.
Тавре ки варзишгар гуфт, ӯ намехост, ки вазъи сиёсиро муҳокима кунад.
Мардуми афғон хеле пурсабранд, онҳо дар тӯли торих ҳодисаҳои зиедеро аз сар гузаронидаанд. Албатта, барояшон нигаронам. Мехоҳам ба онҳо тамоми хушиҳоро таманно кунам", - афзудааст Ҳабиб.
Ёдрас мешавем, пештар сокинони Афғонистон посухи тунди Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба рӯзноманигоре, ки назарашро оид ба вазъи Афғонистон мепурсид, интиқод карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала