Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Хатари пушти кӯҳ баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро нарм кардааст

© Фото : Илья Буяновский Воинская часть Кыргызстана между "материковым" Таджикистаном и Ворухским анклавом, архивное фото
Воинская часть Кыргызстана между материковым Таджикистаном и Ворухским анклавом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Ғасби Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон*, эҳтимол ҷониби Қирғизистон ва Тоҷикистонро бар он водор намудааст, ки дар ҳалли баҳсҳои марзӣ аз роҳи гуфтушунид кор гиранд
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Таҳлилгарони масоили марзӣ ба нарм шудани баҳсҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ишора мекунанд.
Коршиносон мегуянд, ғасби Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон*, эҳтимол ҷониби Қирғизистон ва Тоҷикистонро бар он водор намудааст, ки дар ҳалли баҳсҳои марзӣ аз роҳи гуфтушунид кор гиранд ва дар фикри пешгирӣ аз хатари пушти кӯҳ бештар андеша кунанд.

Роҳи Қуммазор боз аст

Истифода аз мавзеъи истироҳатию табобатии Қуммазори ҷамоати Чоркӯҳ, ки расо як моҳи пеш, санаи 24 июли соли ҷорӣ дар пайи рух доди ҳодисаи тирпарронӣ миёни сарҳадбонони қирғизу тоҷик баста буд, дубора аз сар гирифта шудааст.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 24 август дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, масъалаи Қуммазор ахиран дар ҷараёни гуфтушуниди раисони шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд матраҳ гардид.
Инак, ҳоло роҳи ин мавзеъи истироҳативу табобатӣ барои сокинон боз буда, барои рафтан ба он макон ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.
“Роҳи Қуммазор боз аст ва барои рафтан ба он ягон монеъгӣ вуҷуд надорад, ҳар касе мехоҳад сафар карда метавонад”, - афзуд Шомадов.
Қуммазор як мавзеъи истироҳатии ҳудуди ҷамоати наздимарзии Чоркӯҳ маҳсуб мешавад ва ҳамасола садҳо сокинони Исфара ва дигар навоҳии Тоҷикистон ба он ҷо сафар намуда, аз нури офтоб ва гармии рег табобат мегирифтанд.
Ҳоло ба ҷузъ Қуммазор, ки дар пайи баҳсҳои ахири марзӣ баста буд, оби ҷӯйбор ҳам тавассути марзи Қирғизистон ба киштзорҳои Исфара ҷорӣ шудааст.
Манобеъ аз деҳоти наздимарзии Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳамин чанд рӯзи қабл сарҳадбонони қирғиз барои ҷорӣ шудани об аз ҳудуди кишварашон ба онҳо барои тоза намудани ҷӯйбор иҷоза додаанд.
Глава МИД Кыргызстана Руслан Казакбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Даст кашидан аз даъвои ҳудудӣ: изҳороти ВУХ Қирғизистон оиди масоили марзӣ бо Тоҷикистон
Сокинон мегуянд, ҳоло ба заминҳои ҷамоати Чоркӯҳ аз ҷумла киштзорҳои маҳалаи Қуммазор, Қақир ва Лангар об тавассути қубур аз канали Торткӯли Қирғизистон ҷорӣ шудааст.

Душманӣ дарахтонро хушк кард. Баъди як сол дубора об ҷорӣ шуд

Ин дар ҳолест, ки сар аз моҳи майи соли 2020 дар пайи сар задани як баҳси кӯчаки марзӣ ҷорӣ шудани об тавассути қубурҳо ба ин маҳаллаҳо қатъ карда шуда, дар зимн киштзори баъзе махалхои Қирғизистон хам зарар дида, ҳосили дарахтон ва сабзавот нобуд гардид ва боғот аз беобӣ хушкид.
Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари масоили марзӣ боз шудани роҳи Қуммазор ва ҷорӣ шудани об аз канали Торткӯл ба киштзорҳои Исфараро як падидаи нек дар ҳалли баҳсҳои марзӣ таъкид намуд.
Ин коршинос мегуяд, ки нарм шудани баҳси марзӣ миёни ин ду кишвари ҳамҷавор эҳтимол ба вазъи Афғонистон вобаста аст. Зеро баъди ба сари ҳукумат омадани Толибон эҳтимол хатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар таҳдид хоҳад кард.
“Бо назардошти ҳамин эҳтимолият ҷонибҳо шояд ба ин ақида омаданд, ки агар дастҷамъона марзи Тоҷикистонро муҳофизат накунанд, эҳтимолияти рахна шудани марзи Точикистон аз ҷониби баъзе дастаҳои террористӣ пайдо мегардад, ки ин хавф ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид хоҳад кард ” - зикр кард коршинос.

Хатари Афғонистон масъулиятро бештар кард

Дар назди хатари Афғонистон, шояд ҷонибҳо масъулияти бештар эҳсос карда, қадаме ба сӯи ҳамдигар гузошта бошанд. Шояд аз ҷониби раҳбарони ду кишвар даъвате шуда бошад барои омодаги зидди хатари умум ва сари вақт ҳал кардани ҳаргуна муноқишаҳо, бас кардани душманӣ ва ҳал намудани масоили марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид, афзуд вай.
Аз сӯи дигар мегуяд, Неъматулло Мирсаидов дар пайи шадидшавии қатъи тақсимоти об тавассути иншоотҳои обрасонӣ ба тоҷикон, худи қирғизҳо ҳам дар марз беоб монданд ва чандин гектор замини зироят ва ниҳоли дарахтони онҳо хушкид.
Ва шояд дар чунин вазъ эътирози ҷониби қирғизҳо муқобили ҳукуматдорони худашон садо дода бошад ва дар пайи муроҷиати аҳолӣ роҳи ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ намуданду эҳсос карданд, ки ҳаргуна муноқиша бар зарари ду ҷониб аст.
На границе Таджикистана и Кыргызстана - село Аксарай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қирғизистон ҳифзи марзаш бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад
Коршинос Бобоҷон Икромов мегуяд, ҷорӣ шудани об аз ҷуйборҳои наздимарзӣ ва боз шудани роҳ барои сокинон ба мавзеъи истироҳатию табобатии Қуммазор қадамҳои умедворкунандае хоҳад буд, ки ба ин тартиб вазъи марз минбаъд ба эътидол ояд ва баҳсҳои сарҳадӣ аз тариқи гуфтушунид ҳал карда шавад.
“То ин дам қирғизҳо дар атрофи минтақаи Обтақсими “Головной” хандақҳо кофтанд, техникаҳои ҳарбӣ муҳандисӣ ворид намуданд, вале диданд, ки ҷониби дигар ҳам аз онҳо монданӣ надорад ва қуввааш кам нест ”-, гуфт Икромов.
Ҷанг ҳеҷ вақт ба фоидаи як ҷониб поён нахоҳад шуд, яъне бо ҷанг масъалаҳои марзӣ ҳали худро пайдо намекунад, меафзояд вай.
Таҳлилгарон мегуянд, ҷониби Қирғизистон замоне, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҷумъаи Намангонӣ аз ҳудуди минтақаи Рашт гузашта ба Ботканд ҳуҷум намуда буданд, эҳсос кардаанд, ки бо назардошти вазъи ҷуғрофии Тоҷикистон, кӯҳсораш ба садҳо километр доман паҳн кардаасту назорат кардани пайраҳаҳои зиёд душвор аст, шояд аз ин лиҳоз ҳамеша эҳсоси ҳарос вуҷуд дошта бошад.
Он замон гурӯҳи Намангонӣ бо якчанд ҳазор сарбоз ба Ботканд ҳуҷум кард ва танҳо бо кӯмаки низомиёни Ӯзбекистон ин вилояти Қирғизистон наҷот пайдо карда буд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Израильские пехотные солдаты входят в сектор Газа из Израиля с боевым заданием, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Созишҳои нави Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди марз
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала