Ҷанги гуруҳии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек - расонаҳо

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Обуна шудан
Расонаҳои Русия аз рух додани занозании нави гуруҳӣ миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Санкт- Петербург хабар доданд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Санкт - Петербург занозанӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ рух додааст, хабар дод "Интерфакс" бо такя ба манобеяш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Ба иттилои манбаъ, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шоми 22 август дар назди бинои истиқоматӣ дар шоҳроҳи Красноселск ҷанҷол кардаанд.
Таъкид шудааст, ки чор иштирокдори занозанӣ боздошт шуда, ба яке аз онҳо депорт таҳдид мекунад.
Автомобили полиции и скорой медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Ҷузъиёти занозании муҳоҷирон дар Маскав ва масъалаи ихроҷи онҳо аз Русия
Инчунин аз интиқоли 14 муҳоҷир, иштирокдорони эҳтимолии занозании гуруҳӣ ба идораи милиса хабар дода шудааст, ки нисбаташон танҳо татбиқи ҷарима дар назар аст.
Дар мавриди сабаби сар задани муноқиша иттилое ироа нагардидааст, тафтиши он идома дорад, навиштаанд расонаҳо.
Қаблан дар пайи як занозании гуруҳӣ миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ даҳҳо нафар аз Русия ихроҷ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0