Ҷонсон аз Байден мехоҳад, ки дар хориҷ кардани нерӯҳо аз Афғонистон шитоб накунад

© AP / Dominic LipinskiПремьер-министр Великобритании Борис Джонсон
Премьер-министр Великобритании Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё азм дорад, ки Ҷо Байденро муътақид созад, ки дар пурра берун овардани нерӯҳо аз Афғонистон саросема нашавад
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Роҳбарони кишварҳои узви "Ҳафтгонаи бузург" бо ташаббуси Лондон вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин ҳамоиш, ки 24 август тариқи видеоӣ баргузор мешавад, Ҷонсон талош мекунад, Байденро муътақид созад, то дар хориҷ кардани нерӯ аз Афғонистон шитоб накунад, навиштааст РИА Новости.
Дар машварати роҳбарони "Ҳафтгонаи бузург" инчунин Антониу Гутерриш даъват шудааст. Талошҳо барои боқӣ мондани нерӯҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки тибқи тавофуқи қаблӣ 31 август рӯзи охирони ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон мебошад.
Толибон* ба Вашингтон таҳдид кард, ки дар сурати нақзи муҳлати хориҷ кардани нерӯҳо алайҳашон чораандешӣ хоҳанд кард.
Нерӯҳои муқовимат дар Тангии Панҷшер, ки даромад ба дара мебошад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Се далел: чаро Толибон* ба Панҷшер ҳамла намекунанд?
Сухангӯи ин ҳаракат, Суҳайл Шоҳин, таъкид намуд, ки нақзи муҳлати берун овардани нерӯҳо, вокунишҳо дар тамоми шаклҳо, аз ҷумла дар шеваи низомиро дар пай дорад.
Шоҳин тавзеҳ дод, ки агар ИМА бори дигар берун овардани нерӯҳояшро мутаваққиф кунад, Толибон* ин амалашонро ҳамчун ғасби қаламрави кишвар арзёбӣ хоҳанд кард.
Ҷангиёни Толибон* дар пайи оғози берун овардани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон босуръат қаламрави ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуданд. Раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ тарки кишвар карду ноиби аввалаш Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер, ягона музофоти берун аз тасаллути Толибон* худро роҳбари муваққатии давлат эълон карда, ба нерӯҳои муқовимат пайваст.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала