"Набояд диктатураи Толибон* бошад": Солеҳ гуфт, чӣ мехоҳанд

© REUTERS \ OMAR SOBHANI Амрулла Салех

Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Обуна шудан
Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон, ки худро роҳбари муваққати кишвар эълон намуд, изҳор дошт, ки намехоҳад Ватанаш ба Толибистон мубаддал шавад.
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ҷонибдорони музокиротанд, аммо ин гуфтугӯҳо бояд созанда бошанд. Ӯ дар суҳбат бо India Today ҳамчунин таъкид намудааст, ки агар музокирот самарае надиҳанд, омодаи ҷанганд.
"Толибон* даъво доранд, ки қисме аз Панҷшерро гирифтаанд, ин дурӯғи комил аст. Мо вазъро назорат дорем ва руҳия қавист, одамон омодаанд дар роҳи муқовимат ҷон диҳанд", - изҳор дошт Солеҳ.
Ӯ афзуд, ки ба Толибон* паём додаанд, ки агар ҷанг хоҳанд, нерӯҳои муқовимат омодаанд, аммо агар музокирот мехоҳанд, он набояд ба моилсозӣ ба байъату кумак дар таъмини диктатураи Толибон* бошад.

"Мо пайгири мансабу манофеи шахсӣ нестем, танҳо мехоҳем, ки мардуми Афғонистон имкони интихоби шеваи давлатдории худро дошта бошанд. Намехоҳем, ҳайсияти мардуми афғон нобуд карда шавад, мехоҳем асолати тамоми қавмҳо ҳифз гардад", - таъкид кард Солеҳ.

Ӯ илова намуд, ки музокирот бо Толибон* бояд мушаххас бошанд, на монанд ба гуфтушунидҳо дар Доҳа, ки қонунигардонии зулми ин созмон бошад.
Ҷангҷӯёни Толибон* тайи тобистони соли равон босуръат марзу марказҳои Афғонистонро ишғол намуда, 15 август вориди Кобул шуданд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар хотима ёфт.
Министр иностранных дел Пакистана Махдум Шах Махмуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Вазири Покистон ба Душанбе меояд: Ӯ даъват ба музокира бо Толибон* дорад
Феълан ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* Панҷшер мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар он ҷо ҷамъ омада, иддао доранд, ки дар сурати розӣ нашудани ҷангиёни Толибон* ба ташкили як ҳукумати ҳамашумул, онҳо то охир мубориза хоҳанд бурд.
Мақомдорони Русия мегӯянд, дар сурати ҳал нашудани қазияи Панҷшер тариқи музокирот эҳтимоли сар задани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҷой дорад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0