Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Эълони омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Шипицин / Гузариш ба медиабонкИркутский госпиталь ветеранов войн перепрофилируют в инфекционный
Иркутский госпиталь ветеранов войн перепрофилируют в инфекционный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 46 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 58 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат таъкид доштааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумии фавтидагон124 нафар боқӣ монд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16514 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16297 (98,6%) нафар шифо ёфтаанд.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0