Солеҳ: Толибон* иҷозаи вуруди ғизо намедиҳанд, кӯдаконро сипари зинда мекунанд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон, аъмоли ваҳшатангези Толибонро* дар минтақаи Андароб тасвир кард
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Толибон* кӯдакону солхӯрдагонро гирифта, чун сипари зинда зимни ҳаракаташон истифода мебаранд, изҳор дошт Амруллоҳ Солеҳ дар Twitter.
Ӯ вазъи башарӣ дар кишварро фоҷиа арзёбӣ кард. Толибон* ғизо ва маводи сӯхтро ба ноҳияи Андароб роҳ надода истодаанд, иттилоъ дод сиёсатмадор.
Ноиби раисиҷумҳури Афғонистон афзуд, ки занону кӯдакон низ аз ҷангиёни Толибон* ба куҳҳо гурехта истодаанд ва теъдоди чунин фирориён ҳазорҳо нафар мебошад.
"Тайи ду рӯзи охир Толибон* кӯдакону солхӯрдагонро медузданду зимни ҳаракаташон ё бозҷӯии хонаҳо чун сипари зинда истифода мекунанд", - навиштааст Солеҳ.
Ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон инчунин ахиран дар суҳбат бо India Today гуфт, ҷонибдори музокиротанд, аммо агар музокирот самарае надиҳанд, омодаи ҷанганд.
"Толибон* даъво доранд, ки қисме аз Панҷшерро гирифтаанд, ин дурӯғи комил аст. Мо вазъро назорат дорем ва руҳия қавист, одамон омодаанд дар роҳи муқовимат ҷон диҳанд", - изҳор дошт Солеҳ.
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аз Карзай то Абдуллоҳу Бародар: 7 раҳбари Афғонистон маълум шуд - Нур ва Дӯстум чӣ?
Ӯ афзуд, ки ба Толибон* паём додаанд, ки агар ҷанг хоҳанд, нерӯҳои муқовимат омодаанд, аммо агар музокирот мехоҳанд, он набояд ба моилсозӣ ба байъату кумак дар таъмини диктатураи Толибон* бошад.
Феълан ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* Панҷшер мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар он ҷо ҷамъ омада, иддао доранд, ки дар сурати розӣ нашудани ҷангиёни Толибон* ба ташкили як ҳукумати ҳамашумул, онҳо то охир мубориза хоҳанд бурд.
Мақомдорони Русия мегӯянд, дар сурати ҳал нашудани қазияи Панҷшер тариқи музокирот эҳтимоли сар задани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҷой дорад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала