Низомиёни Тоҷикистон дар "Биатлони танкӣ" рекорд гузоштанд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксТанк Т-72Б3 команды военнослужащих Таджикистана
Танк Т-72Б3 команды военнослужащих Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Танкчиёни Тоҷикистон дар сабқати "АРМИ-2021" ҳунари воло нишон доданд
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Дастаи Тоҷикистон дар бахши дуввуми мусобиқаи "Биатлони танкӣ" пирӯз шуд.
Низомиён аз панҷ ҳадаф чаҳорро бехато заданд. Гарчанде ҳаракати онҳоро намешавад соф тоза арзёбӣ кард - танкчиён ба якчанд нишонаҳо бархӯрданд, аммо ба ҳар ҳол он дар таърихи даста босуръаттарин шуд.
Танковый биатлон в Алабино. День 3 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Баромади танкчиёни тоҷик дар АрМИ-2021 - видео
Танкчиёни тоҷик дар давоми 27 дақиқаю 23 сония ба марра расиданд, ки на танҳо зудтарин дар дивизияи дуввум буд, балки рекорди шахсии даста низ шуд.
Дар сабқати аввал ҷумҳуриро лейтенанти калон Саидмуддин Мӯъминов, тупчӣ-оператор лейтенанти калон Фирӯз Муродов, ронанда-механик капитан Саидҷон Мирзоев намояндагӣ карданд.
Дигар кишварҳо ба таври назаррас натиҷаи бадтар нишон доданд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
"АрМИ-2021": ҳудуди 100 низомии тоҷик равонаи Маскав мешаванд
Дастаи Осетияи Ҷанубӣ се даврро қариб дар 50 дақиқа тай кард, дастаи Қатар тақрибан дар як соату 20 дақиқа ва танкерҳои Абхозистон аз ҳаққи иштирок дар мусобиқа маҳрум шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала