Дар Тоҷикистон ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешГиссарская крепость, архивное фото
Гиссарская крепость, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Ширкати "Шумон" ба рушди туризми дохилӣ машғул мешавад
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Боз як ширкати сайёҳии нав вориди бозори Тоҷикистон шуд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии кишвар.
Иҷозатномаи фаъолияти ин ширкати навро зимни ҷаласа, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ба роҳбари ширкати навтаъсиси "Шумон" Бахтовар Аминзода супориидааст.
Ин ширкат дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфтааст. Ҳадафаш рушди туризми дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ гуфта мешавад.
Омодагиҳо барои таҷлил аз 3000-солагии қалъаи Ҳисор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон фоидаовар нест
Роҳбари ширкати навтаъсиси "Шумон" Бахтовар Аминзода дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфтааст, ки дар оянда, ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, хусусан давлатҳои Осиёи Марказӣ тавсеа мебахшанд.
Ҷӯразода: Тоҷикистон имкони қабули 2 миллион сайёҳро дорад
Ба гуфти ӯ феълан ширкати "Шумон" бо яке аз ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон- "Самарқанд тревел" гуфтушунид доранд.
Ҳамчунин, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин муҳлати фаъолияти ширкати "Вояж тур"-ро тамдид намудааст.
Дастури Ҷӯразода ба масъулин: мавзеъҳои сайёҳӣ тоза ва дар интернет тарғиб шаванд
Феълан дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала