Барно Саидвализода, нахустин зани генерали даврони Истиқлол кист?

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонТақдими мукофотҳои давлатӣ ба генералҳои Тоҷикистон
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба генералҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Саидвализода Барно Саиднабӣ, нахустин зани тоҷик, ки дар замони соҳибистиқлолӣ рутбаи генералиро гирифт, кист
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Барно Саидвализода нахустин зани генерали замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, моҳи октябри соли равон 48-сола мешавад.
Ӯ фаъолияти роҳбарияшро асосан дар мақомҳои назди раисиҷумҳури Тоҷикистон анҷом додааст.
Аз ҷумла Саидвализода Барно соли 2012 бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида буд. Ӯ баъдан дар вазифаи муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президент кор карда, аз моҳи майи 2017 то октябри 2018 роҳбарии раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи раисиҷумҳурро ба уҳда дошт.
Пресс-конференция Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Нахустин зан - генерал: Президент ба Барно Саидвализода рутбаи генералӣ дод
Саидвализода соли 2018 ба мақоми муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, аз моҳи апрели соли 2020 то ҳол сардори Хадамоти иҷро мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25 август ба Саидвализода Барно Саиднабӣ рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дод
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” сазовор дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала