Ҳалокати шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе дар пайи садама: боздошти ронандаи фирорӣ

© Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе
Скорая помощь в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Ронандаи худрави “Тойота Камрӣ” шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи Афғонистон, ки муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст, пахш намуда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Шаҳрванди Афғонистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе дар як садамаи нақлиётӣ як шаҳрванди Афғонистон ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, санаи 24-уми августи соли равон, худрави тамға ва ронандааш номаълум ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе аз тарафи ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи А.Ҷомии шаҳр, дар вақти гардиш ба тарафи деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ, пиёдагард шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи Афғонистон, Рози Амин, ки муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст пахш намудааст.
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
СММ: 10 миллион кӯдаки афғон ба ёриҳои башардӯстона ниёз дорад
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки ронанда баъд аз пахш намудани шаҳрванди Афғонистон аз ҷойи ҳодиса ба самти номаълум ғайб задааст.
“Мутаасифона шаҳрванди Афғонистон, пиёдагард Рози Амин, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикитон, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи 34-солаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камрӣ”, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, дастгир карда шудааст.
Дар ҳоли ҳозир аз сӯи кормандони милитсия таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала