Ҳавои камабру бебориш: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик

Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуҳавошиносон дар Тоҷикистон ҳавои камабру тағйирёбанда пешгӯи доранд
ДУШАНБЕ, 25 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр мешаваду, дар баъзе ноҳияҳо ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то +15 ва рӯзона то +33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Аммо дар шарқи вилоят ҳаво шабона то +7 ва рӯзона то +19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ба монанди ВМКБ ҳавои камабру бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона то +24 ва рӯзона то +39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то +13 дараҷа гарм ва рӯзона то +29 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон ҳам камабру бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то +23 ва рӯзона то +40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона то +19 ва рӯзона то +35 дараҷа гарм мешавад.
Девушки отдыхают, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Мутахассис гуфт, чаро яхмос дар гармӣ хатарнок аст
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабрк бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала