Маҷбуран украинкунонӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксАкции в Киеве с требованием честных выборов
Акции в Киеве с требованием честных выборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Се даҳсола дар миқёси таърихӣ танҳо як лаҳза аст. Аммо барои Украина, ин тамоми давраи мавҷудияти давлатдорӣ дар маҷмӯъ аст
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Олга Сухаревская, магистри сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқшинос. Дар ҷаҳон кишвареро пайдо кардан мушкил аст, ки дар ин давра тавониста бошад як роҳи мушкилеро тай карда бошда. Ин кишвар аз як давлати пешрафтаи Аврупоӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ расид ва як қисми хоки худро аз доду иқтисодаш комилан дар ҳоли суқут аст.
Дар ин раванд украинакунонии маҷбурӣ нақши муҳим бозид. Ва агар касе гумон кунад, ки этноциди аҳолии русзабон танҳо пас аз инқилобҳои рангаи солҳои 2004 ва 2014 оғоз шудааст, ӯ сахт иштибоҳ мекунад.

Чӣ тавр ҳамааш оғоз шуд

Замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, аҳолии Украинаи имрӯза асосан русзабон буданд. Забони украинӣ танҳо дар минтақаҳои ғарбии кишвар васеъ истифода мешуд. Бо оғози "мубориза барои истиқлолият" ва дидорҳои "қатораҳои дӯстӣ" бо миллатгароёни Голисӣ, нафарони русзабон аз табдил ёфтани Украина ба як давлати миллатгаро нигаронӣ доштанд.
Сторонники президента Украины и кандидата в президенты Петра Порошенко выкрикивают лозунги на митинге перед политическими дебатами Порошенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Демократия дар сухан: чигуна Украина кишвари таъқибу сензура шуд
Соли 1991 Леонид Кравчук ба сокинони кишвар итминон дод: "Ба ҳеҷ ваҷҳ ба украинакунонӣ хушунатомез нисбати русҳо роҳ дода намешавад. Ҳар гуна кӯшиши табъиз аз рӯи қавмият қатъиян пешгирӣ карда мешавад." Мутаассифона, онҳо ба ӯ бовар карданд ва "истиқлолиятро" дастгирӣ намуданд.
То ҳол ранг дар имзои созишномаи Беловежск ҳанӯз хушк нашуда буд, ваъдахилофӣ ба ваъдаҳои додашуда оғоз шуд. Ин дар раванди украинакунонии мактабҳо ба таври возеҳ дида мешавад. Ва фавран пас аз эълони истиқлол ҳама донишгоҳҳо маҷбуран ба "моваи украинӣ" гузаронида шуданд.
Соли 1996 таҳти фишори миллатгароён Конститутсия қабул карда шуд. Дар моддаи 10 қонуни асосӣ забони украинӣ ҳамчун ягона забони давлатӣ қайд шудааст. Амо ҳамчун созиш, дар банди 2 -и ҳамин модда рушди озоди забони русиро кафолат додааст. То соли 2012 "Қонун дар бораи забон дар Ҷумҳурии Украинаи Шӯравӣ", ки ҳанӯз соли 1989 қабул шуда буд, амал мекард. Тибқи ин қонун забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дошт.
Киев, Украина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Асорати сиёсӣ ва қарзӣ: Иттиҳоди Аврупо ба Украина чӣ дод
Аммо барои нафароне, ки мехоҳанд украинкунониро роҳандозӣ кунанд на қонун ва на конститутсия монеа нашудааст. Аллакай дар соли 1997 Президенти пешини Украина Леонид Кучма ба украинакунонии оммавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар сатҳи қонунгузорӣ оғоз кард. Як далели ҷолиб: маҳз Кучма ғояи "филологияи ҷазо" -ро навиштааст, ки дар Украинаи муосир воқеият шудааст. Сипас лоиҳаи қонун "Дар бораи рушд ва истифодаи забонҳо дар Украина" пайдо шуд, ки тибқи он ҷарима ва бозхонд кардани иҷозатномаҳо барои расонаҳое, ки ба забони ғайр аз забони давлатӣ пахш мешаванд, ҷорӣ карда шуд.
Дар соли 1999, аз ҷониби Суди конститутсионӣ баҳсҳои забон хотима ёфт. Додгоҳ тавзеҳ дод, ки тибқи моддаи 10 забони украинӣ ҳамчун забони давлатӣ буда воситаи ҳатмии муошират дар тамоми қаламрави Украина аст. Ин забон анҳо дар кори мақомоти давлатӣ, балки дар дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ низ ба кор меравад.
Дар натиҷа, то соли 2012, вақте ки вакилон Вадим Колесниченко ва Сергей Кивалов қонуни навро дар бораи забонҳо омода карданд, шумораи қонунҳое, ки нисбати забони русӣ табъиз мекунанд, дар Украина беш аз 70 санадро ташкил медод. Хотиррасон мешавем, ки ҳамаи ин "боло" -и Қонуни асосӣ ва Қонуни Шӯравӣ дар бораи забон аст.
Экономический эксперт, публицист Михаил Хазин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Михаил Хазин: элитаи Украина на дар фикри давлат, балки дар фикри дуздидан аст
Қонуни Кивалов-Колесниченко, ки дар муқоиса бо қонун дар бораи забонҳои Украинаи Шӯравӣ камбудӣ дошт, ба ҳар ҳол имконият дод, ки забони русиро забони минтақавӣ эълон кунанд, ки онро шӯроҳои маҳаллии як қатор минтақаҳои ҷанубу шарқии Украина истифода мебурданд. Аммо табаддулоти давлатии дар соли 2014 ҳама чизро бекор кард.

Аз украинакунонӣ то этносид

Мардум дар маросимҳои расмӣ "чанд сухан " бо забони давлатӣ мегуфтанд ва сипас ба забони рӯсӣ идома медоданд.
Бо назардошти ин, фашистон риёкорона дар ҳайрат афтоданд: "Ин чӣ гуна табъиз аст? Кӣ ба шумо ба забони русӣ ҳарф заданро манъ мекунад?" Ва худашон ба омода намудани қонунҳои аждаҳорӣ бо ҷорӣ кардани нозирони забон, манъи пурраи муошират бо забони русӣ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд барои "таҳқир" ва ҷарима кардан оғоз карданд.
Он чизе, ки Петро Порошенко дар охири ҳукмронии худ тасдиқ кард, аз соли 2005 дар парлумони ин кишвар давр мезад.
Участница протестных митингов за евроинтеграцию Украины на улице Грушевского в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Такрори иштибоҳ: барои чӣ мақомоти Украина наметавонад устувориро таъмин намояд
Пас аз табаддулоти давлатӣ, ки "инқилоби шаъну шараф" номида шуд, украинакунонӣ хусусияти этноциди низомиро ба даст овард.
Ва ин суханони хушку холӣ нестанд. Мувофиқи қарори Конфронси ЮНЕСКО оид ба этносид ва рушди этникӣ дар Амрикои Лотинӣ (Сан -Хосе, 1981), этносид “вазъиятест, ки дар он як гурӯҳи қавмӣ аз доштани ҳуқуқ, рушд ё паҳн кардани фарҳанг ё забони худ маҳрум карда мешавад”.
Дар Украина, режими пас аз Майдон як низоми пурраи қонунҳоро қабул кард, ки ба ҳама халқҳои муқими ин кишвар, ба истиснои тоторҳо, караитҳо ва кримчакҳо, таҳия ва истифодаи забонҳои онҳоро манъ мекунад. Гузашта аз ин, тамоми низоми ҳуқуқӣ тавре тарҳрезӣ шудааст, ки маҳз забони русӣ мавриди табъиз ва нобудшавӣ қарор мегирад.
Ҳамин тариқ, тибқи қонун дар бораи таҳсилоти миёна, ақаллиятҳои миллӣ, ки забонашон яке аз забонҳои расмии Иттиҳодияи Аврупо мебошад, ба андозаи 20% ба забони модарии худ омӯзиш мегиранд, дар синфи 5 то 40% дар забони. Ақаллиятҳои дигар, асосан русҳо, албатта, ҳадди аққал ҳудуди 80% дарсади таҳсилоташон бо забони украинӣ сурат мегирад. Ин тақсимоти ақаллиятҳои миллӣ "ба синфҳо" бинобар мавқеи дуҷонибаи АПША ва фишори аъзоёни Аврупои шарқии Иттиҳодияи Аврупо вуҷуд омадааст. Бояд қайд кард, ки аз сентябри соли 2020 мактабҳои русӣ дар Украина комилан аз байн бурда шуданд.
 Украинский государственный флаг прикреплен к забору на украинско-российской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Чигуна Украина барои кишварҳои пасошӯравӣ дарс шуд
Қонун дар бораи забони давлатӣ боиси он шуд, ки нафарон ба нозирони забон аз рӯи коргарони оддӣ шикоят мебурданд ва онҳо ё ҷарима ё аз кор озод мешуданд
Агар мо ба ин хатари мӯҳлати зиёд гирифтани ҳабс бар асоси моддаҳои вайрон кардани тамомияти арзии Украина, дастгирии терроризм ва хиёнатро илова кунем, маълум мешавад, ки рус будан дар Украина далерии бузург аст.
Ҷомеашиносӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки одамон метарсанд, ки худро рус гӯянд. Агар дар соли 1989 дар Украина 22,1% аҳолӣ худро рус меномиданд аллакай дар соли 2001 - ба 17,3% ва дар соли 2018 – ҳамагӣ ба 6% расид. Ҳамзамон, падидаи пинҳон кардани ҳувияти русии худ дар паси "полиэтникият" мушоҳида мешавад. Танҳо 39 дарсади одамон худро рус мешуморанд. Аммо 30% русҳо мегӯянд, ки онҳо боя чанд миллати дигар омехта ҳастанд.

Украиникунонӣ = таназзул

Сарфи назар аз даҳсолаҳои украинакунонии хушунатбор, ки ба саркӯбии рӯирост печид, Украина русзабон боқӣ мемонад.
Тибқи пурсиши охирини Маркази мониторинги иҷтимоӣ, танҳо 31,9% сокинони кишвар дар хона танҳо бо забони украинӣ ҳарф мезананд. Ва ин як назарсанҷии расмӣ аст. Маълумоти Google бештар ошкоркунанда аст, ки тибқи он дар соли 2019 ҳиссаи дархостҳои русзабон, украинзабон ва англисизабон мутаносибан 86%, 10% ва 4%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ин кишвар аз нигоҳи нозирони забон ва ҷомеашиносони дарборӣ бо кадом забонҳо ҳарф мезанад.
Люди слушают предвыборную речь президента Украины Петра Порошенко на Михайловской площади в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Дефолт наздик аст: сиёсати зиддирусиягии Украина кишварро ба чӣ ҳол расонд?
Зарурати суханронӣ ва омӯзиш бо забони хориҷӣ ба сифати таълим таъсир мерасонад. Дар соли 2018, Украина бори аввал аз ҷониби созмони байналмилалии таълимии PISA таҳлил карда шуд.
Агар холҳои Украина ва Русияро муқоиса кунем, манзара чунин аст: хондан - 466 барои Украина ва 479 барои Русия, математика - мутаносибан 453 ва 488 хол, табиатшиносӣ - 469 ва 478 хол. Умуман, мактаббачагони Украина як сол аз донишҷӯёни рус ақиб мемонанд.
Таҳқиқоти навбатӣ соли 2021 гузаронида мешавад ва динамикаро арзёбӣ кардан мумкин аст. Аммо нишондиҳанда дар он аст, ки мактаббачагони Украина имтиҳонҳоро бо забони "модарии" худ "ноком" мекунанд. Тести давлатиро дар риштаи забон ва адабиёти украинӣ дар соли 2018 аз 14.5% хатмкунандагон насупориданд, таърихи кишварро - 14.19% насупориданд.
Тааҷҷубовар нест. Ба гуфтаи забоншинос Евгений Верещагин, таълим дар синни барвақтӣ (то 14-сола) на ба забони модарӣ, балки бо забони ғайримаъмулии хуб омӯхташуда мешавад. Вай наметавонад потенсиали эҷодии худро амалӣ кунад, онро ба муаллим расонад. Дар натиҷа, ақибмонии ақлӣ, нотавонии омӯзишӣ, лингвопсихозҳо, неврозҳо ва ихтилоли психосоматикӣ метавонанд инкишоф ёбанд.
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Миллатгароӣ ва генотсид: Украина боз чиро мепарастад
Муҳоҷирати азими шаҳрвандони Украина ба Русия аз "маъруфияти" украинакунонӣ нишон медиҳад. Аз соли 2014 то нимаи аввали соли 2021, беш аз 1 миллион сокини Украина шаҳрвандии Русияро қабул карданд. Гузашта аз ин, дар соли 2018, вақте ки шаҳрвандии Русия ҳанӯз ба сокинони Ҷумҳурии эътирофнашудаи Донетск ва Луганск дода нашуда буд, нуфузи Русия аз ҳисоби украиниҳо 0,5 миллион нафар зиёд шуд.
Аз ҳама аҷиб дар он аст, ки чизе ба забони украинӣ таҳдид намекунад. Агар бо ин забон сеяки аҳолӣ суҳбат кунанд, он бешубҳа намемирад. Албатта, ин афрод ба забони модарии худ ба маълумот, таҳсил ва хидмат ниёз доранд.
Ва талабот ба забони украинӣ ҳамчун воситаи муошират, гирифтани иттилоот ва ғайра аз ҷониби дигар забонҳо на аз чораҳои саркӯбкунанда, балки аз сифати мундариҷа ва имконоти фароҳамшудаи забони давлатӣ вобаста аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала