Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистонияш

© МИД РТВстреча между Министром иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддином Мухриддином и Министром иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдум Шах Махмуд Курайши
Встреча между Министром иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддином Мухриддином и Министром иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдум Шах Махмуд Курайши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои покистонияш Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, ки феълан дар Душанбе қарор дорад, бо ҳамтои тоҷикаш вазъи Афғонистонро баррасӣ намуд.
"Дар ин вохӯрӣ ҳарду ҷониб рушди баъдии ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи он иброз доштанд", - омадааст дар иттилоия.
Вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ аз масоили дигари мулоқоти вазирони тоҷику покистонӣ будааст.
© МИД РТВстреча между Министром иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддином Мухриддином и Министром иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдум Шах Махмуд Курайши
Встреча между Министром иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддином Мухриддином и Министром иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдум Шах Махмуд Курайши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Встреча между Министром иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддином Мухриддином и Министром иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдум Шах Махмуд Курайши
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди баргузории Саммити ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе дар рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон табодули афкор намуданд.
Сафари кории вазири Покистон ба Душанбе дар пасманзари ғасби Ҳукумат аз сӯи Толибон* дар Афғонистон сурат гирифта, ӯ қаблан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки бо Толибон* вориди музокира шаванд.
Тоҷикистон шартҳои эътирофи ҳукумати навро дар он гуфт, ки ҳамашумул бошад ва бо назардошти ҳамаи ақалиятҳои миллии ин кишвар ташкил карда шавад. оҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала