Путин: Русияву Тоҷикистон барои дастгирии омӯзиши забони русӣ нақшаҳо доранд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо донишҷӯёни тоҷик гуфт, ки Тоҷикистон ба рушди забони русӣ дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи нақшаҳои рушди минбаъдаи омӯзиши забони русӣ аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷӯҳи зиёд дорад.
"Қариб ҳамеша ӯ масъалаи кумаки Русия ба Тоҷикистонро дар мавриди рушди забони русӣ ба миён мегузорад. Мо ҳатто нақшаҳои мушаххасеро дар ин замина илова бар оне, ки то имрӯз анҷом шудааст, дорем", - гуфт Путин дар сӯҳбат бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия.
Путин рӯзи чоршанбе ҷаласаи Шӯрои Давлатиро оид ба маориф баргузор хоҳад кард, аммо пеш аз он ӯ тасмим гирифтааст бо омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён сӯҳбат кунад.
Лицей №3 в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Замони бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон маълум шуд
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то сентябри соли 2022 сохтмони 5 мактаби русиро ба анҷом расонида шавад, ки ҳар яки онҳо метавонанд то 1200 хонандаро қабул намояд.
Вазорат маорифи Русия қайд кардааст, ки ҳамин тариқ, кӯдакон ба таҳсилоти муосир дастрас пайдо мекунанд.
Муассисаҳои таълимӣ дар панҷ шаҳр: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.
Ҳамчунин, 50 омӯзгори рус аз 18 минтақаи Русия дар мактабҳои тоҷикӣ кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала