Супоришҳои Раҳимзода барои таъмини амният дар Душанбе: сабаб

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Раҳбари ВКД Тоҷикистон супориш дод, ки амният дар давраи баргузории саммитҳои муҳим дар Душанбе таъмин карда шавад
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласаи корӣ баргузор кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, Хадамоти давлатии "Муҳофиза", ШМЗҶМ, РХДО дар шаҳри Душанбе ва дигар сардорони раёсатҳо ширкат кардаанд.
Раҳимзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ ба ҳайати шахсӣ супоришҳо дод.
Совместные тактические учения специальных структур МВД Республики Таджикистан с Министерством общественной безопасности Китайской Народной Республики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Амниятиҳои Тоҷикистон ба низоми пурзӯри кор мегузаранд: чаро?
Дар Тоҷикистон таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баргузории ҷаласаҳои Шӯрои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар пеш аст.
Вазир ба мақомот барои пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ супоришҳо дод.
"Дар ин рӯзҳо ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор ва фаъолият намуда, ба ватану миллат ва давлат содиқона хизмат намояд", - гуфт Раҳимзода.
Дар баробари ин вазир ҷиҳати омодагии кормандони милитсия вобаста ба чорабиниҳои муҳимми сиёсии давлатӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои маъмурӣ дастури мушаххас дод.
Пештар хабар дода шуд, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон ба низоми пурзӯри кор мегузаранд.
Лентаи хабарҳо
0