Раҳмон ба генералҳо гуфт, вазъ пешгӯинашаванда аст: Ӯ ба ҳушёрӣ даъват кард

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонТақдими мукофоти давлатӣ ба генералҳои Тоҷикистон
Тақдими мукофоти давлатӣ ба генералҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъи генералҳои баландпояи кишвар аз вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳон ҳушдор дода, мақомдоронро ба ҳушёрӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими тақдими мукофоту рутбаҳо ба мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дар мавриди вазъи феълии минтақа ва ҷаҳон суҳат кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ниҳоят мураккабу пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла буҳронҳои шадиди иқтисодиву молиявӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир андешаронӣ карда, таъкид, намуд, ки афсарону сарбозон ҳушёр бошанд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон масъулини қувваҳои масаллаҳ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд зиракии сиёсиро як лаҳза ҳам аз даст надиҳанд, бо интизоми оҳанини ҳарбӣ, риояи қонун ва ойинномаҳои ҳарбӣ омодабошии ҷангӣ ва иқтидори мудофиавии давлати соҳибихтиёри тоҷиконро боз ҳам баланд бардоранд.
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба генералҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Барно Саидвализода, нахустин зани генерали даврони Истиқлол кист?
Таъкиди раисиҷумҳур ба ҳушёрию таҳкими омодагии ҷангӣ дар ҳолест, ки дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон созмони террористии Толибон* қудратро ғасб карда, феълан комилан марз бо Тоҷикистону дигар кишварҳоро таҳти назорат доранд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар баёни мавқеаш дар мавриди Афғонистон изҳор дошт, ки бояд дар ин кишвар як ҳукумати ҳамашумул ташкил гардад, ки дар он намояндагони тамоми халқҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон шомил бошанд.
Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0