Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Русия шаҳрвандони худ ва тоҷикистониёнро аз Афғонистон интиқол медиҳад

© Министерство обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксСамолеты ВКС России завершили доставку специалистов и оборудования в Италию
Самолеты ВКС России завершили доставку специалистов и оборудования в Италию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Русия интиқоли беш аз 500 шаҳрванди Русия, кишварҳои СААД, аз ҷумла Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украинаро аз Афғонистон ташкил кард
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Вазорати дифои Русия бо супориши президенти кишвар Владимир Путин тахлияи шаҳрвандонаш ва мардуми кишварҳои СААД ва Украинаро аз Афғонистон ташкил мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ниҳоди ҳарбӣ.
Ҳамин тариқ, барои иҷрои ин супориш, чор ҳавопаймои низомӣ ҷалб карда шуданд.
Американские солдаты в аэропорту Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Роҳи гурезаҳо баста мешавад? Толибон* ба тахлия аз Кобул чанд рӯз вақт доданд
Ва беш аз 500 нафар аз ҷумла шаҳрвандони Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз қаламрави Афғонистон берун бароварда шуданд.
Вазорати дифои Русия шарҳ дод, ки дар ҳар як ҳавопаймои Русия гурӯҳҳои табибони низомӣ ҳузур доштанд. Дар ҳолати зарурӣ ба шаҳрвандон кумаки тиббӣ расонида мешавад.
Ҳамчунин, ҳамаи ҳавопаймоҳҳо бо об, ғизо ва кӯрпа таъминанд.
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аз Карзай то Абдуллоҳу Бародар: 7 раҳбари Афғонистон маълум шуд - Нур ва Дӯстум чӣ?
Қаблан расонаҳои афғонӣ хабар доданд, ки ҷангҷӯёни Толибон* (созмоне, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) дастрасии шаҳрвандони Афғонистонро ба фурудгоҳи Кобул манъ мекунанд, роҳи фурудгоҳ баста аст ва танҳо хориҷиён метавонанд ба он ҷо раванд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала