Ифтитоҳи Боғи устод Рӯдакӣ: рӯзи 25 август дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 25 августа
День 25 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту панҷуми август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ангиштканон таҷлил мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз Парагвай аз Рӯзи Конститутсия ҷашн мегирад

Рӯзи 25 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1912 дар Чин ҳизби Гоминдан ("Ҳизби давлатии мардумӣ") таъсис дода шуд.
Соли 1945 дар Ветнам Кумитаи давлатии амният таъсис ёфт.
Соли 1978 дар Испания ҳукми қатл дар замони осоишта бекор карда шуд.
День 24 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Зодрӯзи Шарофиддин Сайфиддинов: рӯзи 24 август дар таърих
Соли 1924 дар Самарқанд аввалин шумораи рӯзномаи "Овози тоҷик" нашр шуда буд.
Соли 1919 аввалин маротиба дар таърихи дунё хатсайри ҳавоии мунтазами Лондон-Порис роҳандозӣ карда шуд.

Рӯзи 25 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 пас аз хотимаи Форуми байнипарлумонии "Тоҷикистону Русия: дурнамои ҳамкории минтақавӣ" 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ расман ба истифода дода шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар остонаи ҷашни бузурги 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз аз як иншооти муҳим — муҷассамаи Нишони давлатӣ бо баландии 45 метр пардабардорӣ карда шуд.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии серӯзаи "Бехатарии сейсмикии кишварҳои Осиёи Марказӣ" оғоз гардид.
День 23 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон дар Ишқобод бо ордени "Битараплик": 23 август дар таърих
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ сафар карда, дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кӯтоҳ барои аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиии моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмондаи шаҳри Кӯлоб бунёд ёфт, иштирок карданд.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – "Пешвои асри 21"-ро тақдим кард.
Соли 2016 дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 август

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ангиштканон (якшанбеи охири моҳи август).
Дар Уругвай – Рӯзи истиқлолият
Дар Парагвай – Рӯзи Конститутсия
Дар Бразилия – Рӯзи афсарон.

Рӯзи 25 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 - профессор ва патофизиолог Муҳаммадчон Расулӣ.
Соли 1915 - Доктори илмҳои тиб, профессор Ислом Бобохоҷаев.
Соли 1936 - доктори илми фалсафа Мусамир Гулаҳмадов.
Соли 1946 - доктори илми тиб, профессор Нусратулло Файзуллоев, президенти Академияи илмҳои тиб.
Соли 1966 - журналист Шодиев Ҳайдар.
Лентаи хабарҳо
0