Шойгу: дастёбии Толибон* ба силоҳҳои зиёд таҳдид ба Русия аст

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу
Министр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Вазири дифои Русия гуфтааст, ки Толибон* дар Афғонистон ба миқдори зиёди ҷангафзор аз он миён аз ҷумла падофандҳои ҳавоии ҳамроҳ даст ёфтаанд ва ин як таҳдид маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия мегӯяд, ҷангҷӯёни Толибон* аз беш аз 100 сомонаи падофанди ҳавоии ҳамроҳ ба даст оварданд.
Вазири дифои Русия ҳамзамон таъкид кард, ки аз ҷумла ба дасти Толибон* садҳо мошини зиреҳпӯш, ҳавопаймо ва чархболҳо уфтодааст.
“Мо метавонем ба шумо гӯем, ки онҳо ба беш аз 100 сомонаи падофанди ҳавоии ҳамроҳ дастрасӣ пайдо карданд”, - гуфт ӯ.
Сергей шойгу қайд кард, ки ин силоҳҳоро ҳеҷ кас назорат намекунад ва наметавонад назорат кунад.
Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни Толибон* Кобулро ишғол карданд ва вориди қасри раисҷумҳур шуданд. Дар натиҷа, Ашраф Ғанӣ президенти ин кишвар истеъфо дод ва кишварро тарк кард.
Международная конференция Центральная и Южная Азия: региональная взаимосвязанность. Вызовы и возможности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Лавров: Русия намеҳад низомиёни Амрикоро дар Осиёи Марказӣ бубинад
Сипас дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш бо роҳбарии Аҳмад Ҷалолӣ, вазири собиқи умури дохилаи ин кишвар таъсис дода шуд. Сардори дафтари сиёсии Толибон* дар Қатар Мулло Бародар раҳбари ин кишвар интихоб шуд.
Ягона вилояте, ки ба дасти Толибон* науфтод вилояти Панҷшер аст. Муқовимат бар зидди Толибон8-р Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Эътилофи шимол, ки 20 сол пеш аз сӯи террористон кушта шуд, раҳбарӣ мекунад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала