Оё Тоҷикистон метавонад ба хориҷиҳо замин диҳад? посухи раиси Кумита

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевГлава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон масъалаи додани замин ба хориҷиён дар кишварро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон мегӯяд, имкон дорад ба атбою ширкатҳои хориҷӣ то 50 сол замин дода шавад.
"Дар моддаи 25 Кодекси замин муқаррар шудааст, ки қитъаҳои заминро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба истифодаи муҳлатнок, то 50 сол додан мумкин аст", - изҳор доштаст Хоҷазода дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Ӯ афзудаст, ки замини таъиноти кишоварзӣ ва оне, ки таҳти муҳофизати махсус мебошад, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дода намешавад ва тавзеҳ додааст:
"Ҳангоми ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ бо ҳуқуқи бегона намудани он ин ҳуқуқ бояд дар давоми як соли баъди пайдо кардани ҳуқуқ ба қитъаи замин ба фоидаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда шавад", - шарҳ дод раиси Кумита.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Раиси ҷамоат ва заминсозе дар ноҳияи Рӯдакӣ барои сохтакорию додани замин боздошт шуданд
Дар сурате агар бо ягон сабаб бегона намудани ҳуқуқи истифодаи чунин қитъаи замин ба фоидаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Тоҷикистон ғайриимкон бошад, ҳуқуқи истифодаи ­қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад, таъкид кардаст Орифзода.
Дар ниҳоят ба гуфтаи раиси Кумита, агар талаботи гирифтани қитъаи замине, ки ҳуқуқи истифодабарии он ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ гузаштааст, риоя нашуда бошад, масъала бо тартиби судӣ баррасӣ мешавад.
Шарҳи Орифзода дар ҳолест, ки қаблан хабарҳо дар мавриди додани қитъаҳои замин ба кишоварзони чинӣ дар вилояти Хатлон нашр гардида буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала