Вазорат: дар Тоҷикистон маросими ҷамъоварии пахта оғоз шуд

© AFP 2021 / STR / AFPХлопок, архивное фото
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон доштааст, ки маъракаи ҷамъоварии пахта дар соли 2021 оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба истиснои шаҳри Бохтар, ноҳияи Ёвон ва Данғара маъракаи ҷамъоварии пахтаи соли 2021 оғоз гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар соли равон дар кишвар дар майдони 177 ҳазору 48 гектар пунбадона кишт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилоти Хатлон тасдиқ карданд, ки, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҶДММ иттиҳодияҳои аграрии “Водии Зарин”-и Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кушониён маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид.
Пахтачинии раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2020
Аҳмадзода ба пахтазор рафт: ӯ ҳамроҳ бо муаллимону деҳқонҳо пахта чид
Қурбон Ҳакимзода зимни оғози маъракаи пахтачинӣ ба роҳбарияти хоҷагиро барои бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон масъулинро вазифадор намуд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, ҳосили марди деҳқонро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала