Барои соҳибкорон дар App Store ва Play Market замимаи тоҷикӣ пайдо мешавад

© PixabayТелефон в руках, архивное фото
Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Барои соҳибкорони тоҷик барномаи махсуси "Соҳибкор" таҳия шудааст, ки дар замимаҳои Play Market ва App Store пайдо мешавад
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Дар Душанбе як барномаи нави мобилии "Соҳибкор" муаррифӣ шуд, ки ба зудӣ дар майдонҳои бузурги интернетӣ пайдо мешавад.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Барномаро аз Play Market ва AppStore боркашӣ кардан мумкин аст.
Рӯнамоии барномаи нав аллакай дар Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" бо ширкати ассотсиатсияҳои соҳибкорон, тоҷирони ҷавон ва намояндагони бахши хусусӣ баргузор шудааст.
Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Шарҳи Ҷумъахонзода дар бораи моҳҳо банд мондани молу колои соҳибкорони тоҷик
Гуфта мешавад, ки замимаи мобилии "Соҳибкор" ҳамчун пойгоҳи иттилоотӣ барои дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар кишвар хизмат хоҳад кард.
Тавассути ин барнома корбарон метавонанд дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳама гуна маълумоти заруриро пайдо кунанд.
Ҳамин тариқ, он маълумотро дар бораи нақшаи аудит, ки дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад, дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала