БМТ: арзиши рублу евро боло рафту, доллар нисбат ба сомонӣ арзон шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкКурс валют в Москве
Курс валют в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Қурби асъори аврупоӣ ва рубли русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0,1530 сомонӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дирӯз дар бозори арзи Тоҷикистон барои 1 рубли русӣ 1528 сомонӣ медоданд
Қурби доллар ҳам, тағйир ёфтааст ва пули амрикоӣ ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3024 арзиш дорад, дар ҳоле, ки дирӯз 1 доллар дар қаламрави кишвар 11.3229 буд.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар арзиши як евро 13.3024 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш 13,5000 буд.
Символ рубля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3260 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3024 то 13.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1530 то 0.1550 сомонӣ
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0