Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ҳавопаймои Нерӯҳои Ҳавоии Италия дар фурудгоҳи Кобул тирборон шуд

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкBoeing 777 в небе
Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Дар фурудгоҳи Кобул ҳавопаймои низомӣ - нақлиётии Италия, ки ба тахлияи шаҳрвандонро анҷом медод, мавриди тирборон қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳавопаймои Нерӯҳои Ҳавоии Италия, ки дар интиқол додани шаҳрвандон аз Афғонистон иштирок мекард, ҳангоми парвоз дар фурудгоҳи Кобул мавриди тирборон қарор гирифт, менависад The ​​Wall Street Journal.
Бино ба маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад, ҳавопаймо аллакай дар як пойгоҳи ҳавоии Кувайт фуруд омадааст.
Маълум аст, ки дар дохили ҳавопаймои нақлиётии ҳарбии C-130J, ки мавриди тирборон қарор гирифт, рӯзноманигорон ва 98 ғайринизомӣ қарор доштаанд.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳоли омодабош: 12 акс аз Панҷшер
Эҳтимол, тирандозӣ аз силоҳҳои вазнини автоматӣ фавран пас аз парвоз кардани ҳавопаймо оғоз ёфт.
Дақиқ шудааст, ки тирандозӣ аз теппаи ҳамсоя, берун аз фурудгоҳ сурат гирифтааст. Сарфи назар аз тирандозии пулемётҳои калибри калон, ҳавопаймои итолиёвӣ парвози худро идома дод ва дар бораи хисороти эҳтимолӣ гузориш нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0