Инфиҷори дуюм дар фурудгоҳи Кобул

© REUTERS / MAXAR TECHNOLOGIESВзлетно-посадочная полоса международного аэропорта имени Хамида Карзая в Кабуле
Взлетно-посадочная полоса международного аэропорта имени Хамида Карзая в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Вазорати дифои Туркия: ду таркиш дар наздикии фурудгоҳи Кобул рух дод
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати дифои Туркия аз таркиши дуввум дар наздикии фурудгоҳи Кобул хабар дод.
Тибқи гузориши телевизиони Fox, ин ҳодиса дар як меҳмонхонаи наздик ба фурудгоҳ, ки амрикоиҳо ҷамъ омада буданд, рух додааст.
Таркиши аввал тақрибан як соат пеш рух дод. Маргталабе худро тарконда буд. Дар паи таркиши аввал на камтар аз 13 тан қурбон шуду наздики 70 тан захм бардошт. Миёни ҷароҳатбардоштагон кӯдакон, низомиёни амрикоӣ ва толибон низ ҳастанд.
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Расонаҳо: таркиши фурудгоҳи Кобул 13 кушта бар ҷой гузошт
Тавре як манбаъ ба РИА Новости хабар дод, даҳ ҷасади фавтидагон ва беш аз 15 захмӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Толибон* дар даҳаи аввали моҳи август ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум карданд.
Онҳо рӯзи 15 август вориди пойтахт шуда, кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик муайян хоҳад шуд.
Ягона вилояте, ки аз назорати онҳо берун аст, Панҷшер дар шимолу шарқи Кобул боқӣ мондааст, ки аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои кишвар аст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки "барои пешгирии қатли ом" кишварро тарк кардааст.
Афганский полицейский на месте взрыва, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Politico: маргталаби ДОИШ* худро дар фурудгоҳи Кобул тарконид
Ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии Афғонистон таҳти назорати Толибон* мебошанд. Интиқоли кормандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки барои намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, тавассути ягона фурудгоҳи Кобул, ки дар ихтиёри артиши ИМА ва дигар кишварҳои НАТО қарор дорад, сурат мегирад.
Пештар хабар дода шуд, ки Афғонистонро шурое иборат аз 12 аъзо идора хоҳад кард ва феълан 7 номзад мувофиқа шудааст.
Ба ин ҳайат президенти собиқ Ҳомид Карзай, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва раҳбари Шӯрои ризоияти миллӣ Абдулло Абдулло низ шомил ҳастанд.
Ҳамчунин Абдулғанӣ Бародар, Мулло Ёқуб, Халилраҳмон Ҳаққонӣ ва Гулбеддин Ҳикматёр (раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон") дар Афғонистон низ аз аъзоёни он номбар шуданд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала