Инфиҷор дар пойтахти Афғонистон: навор аз ҷои ҳодиса

Шумораи дақиқи қурбониён ва маҷрӯҳон дар инфиҷор дар фурудгоҳи Кобул ҳанӯз маълум нест.
Дар Афғонистон як силсила таркишҳо дар ҳудуди фурудгоҳи пойтахт анҷом дода шуд.
Ба эҳтимоли зиёд, аввалинашонро як маргталаб анҷом додааст, таркиши дуввум дар Кобул метавонист бо истифода аз мошини пур аз маводи тарканда анҷом дода шавад.
Инфиҷори дуюм дар фурудгоҳи Кобул
Маълумоти пешакӣ дар бораи 70 захмӣ ва 13 кушта гузориш дода мешавад. Дар байни маҷрӯҳон низомиёни хориҷӣ ва Толибон* ҳастанд.
Аз рӯи наворҳое, ки сокинони Кобул паҳн мекунанд, шумораи кушташудагон ва маҷрӯҳон хеле зиёдтар аст. Расонаҳои Афғонистон ҳамчунин гузориш медиҳанд, ки дар миёни захмиён кӯдакон низ ҳастанд.
Politico: маргталаби ДОИШ* худро дар фурудгоҳи Кобул тарконид
Инфиҷор дар минтақаи меҳмонхонаи "Барон" дар рӯ ба рӯи яке аз гузаргоҳҳои фурудгоҳи Кобул, ки қаблан низомиёни Бритониё дар он ҷойгир буданд, рух дод. Бино ба маълумоти пешакӣ, як маргталаб худро дар миёни издиҳом мунфаҷир кардааст.
*-ҳаракати террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала