Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти Исфара ба оилаҳои қурбониёни муноқишаҳои марзӣ замин дод

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиГлава Исфары вручает земельные сертификаты семьям погибших в приграничном конфликте
Глава Исфары вручает земельные сертификаты семьям погибших в приграничном конфликте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Мақомоти Исфара эълон доштааст, ки ба оилаҳои шаҳидони мунақишаҳои марзӣ замини наздиҳавлигӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба 10 оилаҳои шаҳидони муноқишаҳои наздисарҳадӣ, ки санаи 28-29 апрел рух дода буд аз шаҳри Исфара қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақдим кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, иқдоми мазкур ба дастгирии оилаҳои шаҳидони муноқишаҳо равона карда шудааст.

“Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Ворух ва 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Сурх дода шуда", - таъкид доштааст манбаъ

Инчунин дар ин радиф варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд..
Гуфта шудааст, ки оилаҳои дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардидаву шаҳидгардида, раванди таҳсили фарзандони онҳо мудом зери назари Мақомоти шаҳри Исфара, ба хусус раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин қарор дорад.
Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониёни ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
То сӯзану ришта: тақдими пурраи хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ - акс
“Додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ин охири кор нест. Дар назар аст, ки минбаъд низ бо ҷалби захираҳои дохилӣ, қувваи соҳибкорону ватанпарастон ба оилаҳои ҷабрдидаи муноқишаҳо кумаку мадад расонида шавад”, - мегӯянд масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки таҳсили фарзандони ин оилаҳо бевосита зери назари роҳбарияти шаҳр аст.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода Зимни ба аҳли оилаи фавтидагон таъкид намуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала