Пайдо шудани 100 кило нашъа дар Ӯзбекистон аз мошини боркаш аз Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Ефимов / Гузариш ба медиабонкЧемпионат по многоборью среди кинологов в Новосибирске
Чемпионат по многоборью среди кинологов в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Маводи мухаддирро ҳангоми санҷиши мошини боркаши шаҳрванди Тоҷикистон, ки 20 тонна пахта интиқол медод, пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон аз пешгирии вориди 100 кило нашъа ба ҳудуди Ӯзбеикстон хабар доданд.
Бино бар иттилои манбаъ, дар вилояти Сурхондарё, дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон қариб 100 кило ҳероин ва хашиш ошкор ва мусодира шуд.
Маводи мухаддирро аз мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон 20 тонна пахта интиқол медодааст, дарёфт карданд.
Ҳероинро саги хидматӣ, ки ҷойҳои махфӣ пинҳон карда буданд, пайдо намудааст.
гуфта мешавад, ҳангоми кушодани боркаш зери фарши он 93 бастаи пластикӣ бо хокаи номаълум ёфт шуд.
Уничтожение наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Афъюн каму бангдона зиёд: Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шуд:
"Таҳлили аввалия нишон дод, ки дар 82 бастаи дорои ҳероин бо вазни умумии 85 килою 505 грамм ва боқимондаҳои 11 - ҳашиш бо вазни умумии 11 килову 425 грамм будааст", - менависад дафтари матбуот.
Вазни умумии маводи мусодирашуда 96,9 килоро ташкил медиҳад. Ба иттилои дафтари матбуот, мақомоти гумрук аз рӯи далели ошкоршудаи ин ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Қаблан Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар дода буд, ки мақомот дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 28,5 дар сад бештар мусодира кардаанд.
Ба гуфтаи коршиносон, афзоиши қочоқи гашиш ва марихуана аз Афғонистон дар баробари транзити афюн боиси нигаронии хос аст. Ба истилоҳ "роҳи шимолӣ" аз қаламрави Узбекистон мегузарад - масири интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия ва баъдан ба кишварҳои Аврупо.
Лентаи хабарҳо
0