Натиҷаҳои даври ҳабдаҳуми лигаи олии Тоҷикистон: кӣ пешсаф аст

© Hamoud Al-OsaimiЧемпион Таджикистана душанбинский "Истиклол" одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2.
Чемпион Таджикистана душанбинский Истиклол одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Бозиҳои даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 28-29 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 24-25 август доир гардид, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давр "Истиқлол" ғалабаи навбатиашро ҷашн гирифт. Ин даста ба дарвозаи тими "Душанбе" 5 голи беҷавоб зад - Алишер Ҷалилов ду гол, Манучеҳр Сафаров, Манучеҳр Ҷалилов ва Ваҳдат Ханонов якголӣ.

Дастаи "Хуҷанд", ки дар ду бозии охираш ноком шуд, ин бор бар дастаи "Хатлон" пирӯз гардид - 2:0.
Амир Мемори Манеш, футболбози эронии тими Душанбе, ки аз ҳаққи футбол дар Тоҷикистон маҳрум шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Футболбози эронии тими "Душанбе" абадан аз футбол дар кишвар маҳрум шуд: "қиморбоз будаст"
Дилшод Бозоров дар дақиқаи 10 ҳисобро кушод, Кароматулло Саидов дар дақиқаи 40 голи дуюмро зад.

Дар бозии дигар “Эсхата” дар майдони худ аз тими КМВА бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Ҳар се гол дар нимаи дуюм зада шуд. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 62, Муҳсинҷон Абдуғаффоров дар дақиқаи 77 ба нафъи тими артиш ду гол заданд. Голи “Эсхата”-ро Акобир Тураев дар дақиқаҳои иловагӣ (90+4) ба номаш навишт.

Ду бозии дигар миёни дастаҳои "Истаравшан" - "Куктош" (2:2) ва "Файзканд" - "Равшан" (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.

Манбаъ меафзояд, бозиҳои даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 28-29 август баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала