Дар Қирғизистон соли хониш аз 15 сентябр оғоз мешавад - сабаб

Класс. Ученики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Дар Қирғизистон соли хониш аз 15 сентябр оғоз шуда, 8 июн ба охир мерасад. Ин на танҳо ба мактабҳо, балки ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо низ дахл дорад
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Дар Қирғизистон аз ин ва баъд соли хониш аз 15 сентябр оғоз мешавад. Дар ин бора ба Sputnik Қирғизистон роҳбари хадамоти матбуоти Девони Вазирон Эркин Сазиков хабар додааст.
Ба гуфти ӯ, оғози соли хониш на танҳо дар соли 2021, балки дар соли оянда низ аз 15 сентябр оғоз хоҳад шуд. Чунин тасмим на танҳо аз сабаби вазъи COVID-19, балки аз сабаби давомнокии мавсими сайёҳӣ гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки пешниҳоди вакилон низ ба инобат гирифта шудааст. Қаблан вакилони парлумон гуфта буданд, ки волидайн барои анҷом додани корҳои саҳроӣ, ҷамъоварӣ ва фурӯши зироат барои омода кардани кудак вақт надоранд.
"Дар давоми се ё чор сол чунин хоҳад буд, шояд дар оянда ин тасими бознигарӣ шавад", - гуфт Сазиков.
Вай инчунин афзуд, ки Девони вазирон таҷрибаи як қатор кишварҳои хориҷиро ба назар гирифтааст, ки дар онҳо соли хониш пас аз 11 сентябр оғоз мешавад.
Ба таъхир андохтани оғози соли таҳсил на танҳо ба мактабҳо, балки ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо низ дахл дорад.
Ҳамин тариқ, соли хониш аз 15 сентябр оғоз шуда, 8 июн ба охир мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала