Раҳмонзода ба Мирзиёев эътимоднома супурд

© Пресс-служба Республики УзбекистанаПрезидент Узбекистана принял посла Республики Таджикистан Абдужаббора Рахмонзода
Президент Узбекистана принял посла Республики Таджикистан Абдужаббора Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Сафири нави Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба раисҷумури ин кишвар эътимоднома супурд
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар як маросими ботантана эътимодномаи худро ба Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон супорид.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки зимни маросим cафир таманниёти неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба раисҷумҳури Ӯзбекистон расонид.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни маросими мазкур мулоқоти сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир гардида.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқоти мазкур ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
Ёдрас мешавем, тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизи ҳанӯз санаи 4 май ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъйин шуда буд.
Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон
Мансаби нави Абдуҷаббор Раҳмонзода: сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон шуд
Раҳмонзода Абдуҷаббор, қаблан дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.
Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ 62 сола, зодаи деҳаи Андароби шаҳри Кӯлоб аст.
Номбурда адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филология, профессор (1999), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, ходими давлатӣ аст.
Номбурда қабалан дар вазифаи Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ахиран дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард
Абдуҷаббор Раҳмонзода бо нишони сарисинагии "Аълочии маорифи Тоҷикистон" (1977), ордени "Шараф", (2006), Медали "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" (2011), "Ифтихорнома"-и Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои ИДМ (2012), "Диплом"-и Агентии Федиралии ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ-и Федератсияи Россия (2014) қабдрдонӣ шудааст
Ӯ ҳамзамон узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала