Расонаҳо: дар фурудгоҳи Кобул инфиҷор шуд - видео

© Sputnik / Александр ГорячевМеждународный аэропорт Кабул
Международный аэропорт Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Садои таркиш дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Кобул шунида шуд, хабар додааст Телевизиони "Шамшод"-и Афғонистон.
Дар бораи талафоти ҷонӣ ҳанӯз маълумоте нарасидааст.
Хадамоти матбуоти Пентагон ин маълумотро тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи онҳо, таркиш дар дарвозаи яке аз гузаргоҳи Аббей рух додааст.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии CNN дар бораи захмӣ шудани чанд нафар дар пайи инфиҷор гузориш медиҳад.
"Ал-Ҷазира" шумораи захмиёнро то 15 нафар арзёбӣ мекунад.
Тибқи баъзе расонаҳо, таркиш дар фурудгоҳи Кобул бар асари ҳамлаи маргталабона рух додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала