Дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ осонтар шуд

Офис Сбера нового формата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Акнун дар Русия барои дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, дигар корти муҳоҷиратӣ лозим намешавад
ДУШАНБЕ, 26 авг - Sputnik. Дар Русия қоидаи нав дар бораи хизматрасонии бонкӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, иттилоъ додааст Prime.
Ҳоло, ҳангоми муайян намудани муштарии хориҷӣ дар шӯъбаҳои бонкҳои Русия, ба муҳоҷирон дигар корти корти муҳоҷиратӣ лозим намешавад.
Агар қаблан дар Русия барои амалиёти бонкӣ корти муҳоҷиратӣ ва санаде, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандро дар будубош ва иқомат дар Русия тасдиқ мекард, лозим буд, ҳоло бошад санади охирин кифоя аст.
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Тартиби нави вуруди муҳоҷирон ба Русия аз 1 сентябр
Ба гуфтаи Крушанова Лариса, дотсенти кафедраи фанҳои ҳуқуқии Донишгоҳи “Синергия”, ин иқдом коғазбозиҳои хадамоти муҳоҷиратро коҳиш медиҳад.
"Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ (шиноснома), иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ва санади бақайдгирии муваққатӣ дар макони будубош, патент ё иҷозатномаи муваққатии кор дар якҷоягӣ бо қонуни мубориза бо шустушӯи пул, ба давлат имкон медиҳад, ки аз санади коғазӣ - корти муҳоҷиратӣ даст кашид", - гуфт Крушанова.
Илова бар ин, шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ҷои корти муҳоҷиратӣ дода мешавад "то ҳол ба давлат ва мақомоти дахлдор имкон медиҳад, ки ин муҳоҷиронро назорат кунанд".
Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони корӣ аз кортҳои бонкҳои Русия истифода мекунанд ва ба хонаводаҳои худ дар ватан озодона пул интиқол медиҳанд. Онҳо инчунин аз маҳсулоти гуногуни қарзӣ истифода мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала